7.9 C
Dushanbe

Боздошти як узви “Гурӯҳи 24” дар сарҳади Арманистон

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз боздошти узви фаъолаш Холов Исмоил дар сарҳади Арманистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин ҳаракат, Холов 5-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми ворид шудан ба хоки Арманистон дар минтақаи сарҳадӣ аз ҷониби марзбонон дастгир шудааст. Аммо маълум нест, ки ӯ аз куҷо ба Арманистон рафтааст ва ҳадафи сафараш чӣ буд.

“Гурӯҳи 24” дар иттилоияаш танҳо гуфтааст, ки ҳоло вакилони дифоъ талош доранд ӯро озод созанд ва аз мақомоти Арманистон ҳам хоста шудааст, ки бо ин мухолифи тоҷик бархӯрди инсондӯстона кунанд ва шароити озодсозии ӯро фароҳам созанд.

Дар ҳамин ҳол як намояндаи посгоҳи сарҳадии Баграташени Арманистон рӯзи 5-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Холов аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дар пайгард аст ва бинобар ин боздошт шуда, қазияаш омӯхта мешавад ва тасмими баъдиро додгоҳ мегирад.

Гуфта мешавад, Исмоил Холови 44-сола аз соли 2011 ҳамроҳи аъзои оилааш дар Русия мезисту шаш моҳро дар яке боздоштгоҳҳои Маскав гузарондааст ва соли 2023 дар пайи зиёд шудани таъқибу фишор, ки он борҳо расонаӣ шуда буд, аз ин кишвар берун шуд.

Ӯ аз соли 2015 ба “Гурӯҳи 24” пайваста буд ва мақомоти Тоҷикистон нисбаташ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмон ва ҳизбҳои фаъолияташон мамнуъ парванда кушодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз ҷанг бар зидди Эрон 12 рӯз гузашт: Теҳрон аз шиддат бахшидани ҳамлаҳояш хабар дод

Бо ворид шудани ҷанги Амрико ва Исроил бо Ирон ба рӯзи 12-уми худ, нефт дар даҳҳо кишвари дунё ба таври нигаронкунанда гарон шудааст.

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари тозаинтихоби Эрон

Эмомалӣ Раҳмон 9-уми марти соли 2026 раҳбари тозаинтихобшудаи Эрон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари олии ин кишвар табрик гуфт.

Дар яке аз вилоятҳои Русия кори муҳоҷирон хеле маҳдуд шуд

Дар вилояти Кемеровои Федератсияи Русия барои муҳоҷирон кор дар 43 соҳа манъ шуд.

Даҳҳо миллион доллар кумаки навбатии Чин ба Тоҷикистон

Давлати Чин бо сармояи даҳҳо миллион доллар ба мазбонони тоҷик дидбонгоҳҳо месозад.