Бозпурсии журналист ба хотири наворбардорӣ

Субҳи имрӯз, 8-уми июл, рӯзноманигор Далери Имомалиро ба хотири наворбардорӣ аз рафти тамринҳои “маршировкачиён” дар шаҳри Душанбе дастгир ва дар шӯъбаи милиса бозпурсӣ кардаанд. Далер дар ин бора тариқи онлайнӣ дар шабкаҳои иҷтимоъӣ хабар дод.

Вай субҳи имрӯз тариқи “он-лайн” эълом кард, дар макони баргузории “маршировка” дар Варзишгоҳи марказии пойтахт қарор дорад ва бо вуҷуди гирфтани иҷозати шифоҳии сардори раёсати фарҳнаги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоев маъмурони милиса ӯро нагузоштаанд, ки тамрини донишҷӯёнро наворбардорӣ кунад.

Ба гуфтаи ӯ, лейтинанти калон бо иттиҳоми таҳқири корманди милиса ва бозпурсӣ рӯзноманигорро аз майдони марказӣ ба шуъбаи милиса дар ноҳияи Синои пойтахт интиқол додаанд.

Дертар рӯзноманигор Далери Имомалӣ дар навори дигаре хабар дод, ки пас аз бозпурсӣ дар шуъбаи пулис ҳамадигарфаҳмӣ сӯрат гирифта ӯро раҳо кардаанд.

Шурӯъ аз 6 июл дар Душанбе “Маршировка”-и донишҷуён оғоз шуд. Тоҷикистон имсол 9 сентябр 30-юмин солгарди истиқололияти давлатии худро ҷашн мегирад.    

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.