Буҷети давлатӣ барои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 14 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 24% бештар аст.
Тавре хабаргузории “Азия-Плюс” аз ин вазорат иттилоъ дод, маблағи пешбинишуда нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад. Аммо тақсимоти ин балағ дар соҳаҳои гуногуни маориф ба таври ҷудогона зикр нашудааст ва маълум нест, аз ҷумла барои таҳсилоти умумӣ чӣ миқдор ҷудо шудааст.
“Соли 2025 хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 10 млрд 909 млн 496 ҳазор сомонӣ ё худ 6,6% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва 21,1% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил дода буданд”, – гуфтаанд аз вазорат.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, аз 10 миллиарду 909 миллиону 496 ҳазор сомонии буҷути соли гузашта, танҳо дар соҳаи таҳсилоти умумӣ (мактабҳои миёна) 6 миллиарду 195 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд, ки ин шумор нисбат ба соли 2024 35,6% бештар буд.
Афзоиши буҷети давлатӣ барои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳолест, ки аксаран соҳаи маорифро дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои фасодзада медонанд. Оморҳо нишон медиҳад, ки Вазорати маориф бо вуҷуди доштани буҷети зиёд дар масъалаи кадрсозӣ ва пешрафти илму технология хеле заиф буда, ҳатто омӯзгорон ба сабаби маоши кам ва шароити номусоид ба ришва ва фасод даст мезананд.
Ҳамзамон давоми чанд ҳафтаи ахир шикоятҳои зиёде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба унвони Azda tv ворид шуд, ки аксаран шикоят аз моҳона маҷбурӣ пул ҷамъ кардани омӯзгорон ва мудирони мактабҳои миёна аз хонандагон буд.
Ба гуфтаи волидон, дар аксар мактабҳои Тоҷикистон дар баробари пули моҳонаи мактаб, ки он ҳам ғайриқонунӣ аст, омӯзгорон ва масъулон ҳамеша бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла барои хариди буру латта, насби дару тирезаҳо, таъмири роҳҳо ва ҳоҷатхонаҳо, барои таҷлили 8-уми март, рӯзи омӯзгор, зодрӯзи муаллимаҳо ва директорҳо — аз 100 то 200 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар, барои таъмири мактаб — аз 100 то 500 сомонӣ (барои таъмири утоқи директор алоҳида пул мегиранд), барои хариди тахтаҳои электронӣ — тақрибан 150 сомонӣ, барои насби камераҳои назоратӣ — тақрибан 100 сомонӣ ва ғайра маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.
Илова бар ин, баъзе волидон мегӯянд, ки ҳангоми қабул кардани кӯдак ба синфи якум дар мактабҳо маблағ талаб мекунанд ва агар волидон пул надиҳанд, ба онҳо гуфта мешавад, ки дар мактаб “ҷой нест”.
Дар ҳамин ҳол бархе омӯзгорони мактабҳо дар тамосҳои катбӣ ба Azda.tv зимни тасдиқи ин падида изҳор доштанд, ки худи онҳоро низ масъулони болотари мактабҳо маҷбур мекунанд, ки дар ҷамъоварии маблағ талабаҳоро маҷбур кунанд ва ҳатто аз худашон ҳам бо баҳонаҳои гуногун пул мегиранд ва баъзе маҷбур шудаанд касби омӯзгорияшонро тарк намуда, ба дигар кор машғул шаванд.
Шикояти батакрори волидону омӯзгорон аз пулҷамъкунӣ дар мактбаҳо дар ҳолест, ки масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон, аз ҷумла Саидзода Раҳим Ҳамро дар нишастҳои матбуотӣ борҳо таъкид карда буд, ки таҳсил дар мактабҳои давлатӣ ройгон буда, ҷамъоварии маблағ аз волидон манъ аст.
Бо гузашти чанд рӯз аз нашри ин шикоятҳо масъулини Вазорати маорифи кишвар то ҳол вокунише накардаанд. Ҳамзамон ҳеч хабаре низ дар бораи ин ки ягон ниҳодҳои зидди коррупсионие барои тафтиши ин корҳо ба мактабҳо рафта бошанд, нашр нашудааст.
