13.9 C
Dushanbe

Буҳрони сиёсӣ дар Эрон. Эътирозҳои густарда кишварро ба куҷо мебарад?

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон эътирозҳои хиёбонӣ алайҳи ҳукумат густардатар шуда, мардум истеъфои раҳбарони феълии ин кишварро талаб доранд.

Охири моҳи декабр эътирозҳои мардумӣ дар баъзе аз шаҳрҳои Эрон сар зад. Дар рӯзҳои аввал эътирозҳо бо норозигӣ аз вазъи иқтисодӣ, болоравии нархҳо, коҳиши арзиши пули миллӣ дар баробари доллар ва мушкилоти маишӣ оғоз шуданд, вале тадриҷан онҳо ба талабҳои сиёсӣ ва шиорҳои зидди ҳукуматӣ табдил ёфтанд.

Ба иттилои манбаъҳои гуногун, эътирозҳо дар шаҳрҳои бузурги Эрон, аз ҷумла Теҳрон, Машҳад, Шероз, Исфаҳон ва дигар шаҳрҳои бузург баргузор шуда, дар баъзе мавридҳо ба бархӯрд миёни нерӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон анҷомид. Гузоришҳо аз кушта ва захмӣ шудани шаҳрвандон, ҳамчунин боздошти даҳҳо нафар ҳикоят мекунанд, вале ба далели маҳдудиятҳои иттилоотӣ дар ин бора омори дақиқ вуҷуд надорад.

Телевизиони расмии Эрон рӯзи ҷумъа, 9-уми январ аз эътирозҳои майдонӣ гузориш дода, аз кушта шудани эътирозгарон хабар дод. Мақомоти расмии ин кишвар эътирозгаронро “агентҳои хориҷии террористӣ”-и вобаста ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил номида, мегӯянд, ки маҳз ин гурӯҳ даст ба хушунат мезананд ва чандин маконҳои асосӣ ва идраҳои давлатиро оташ заданд.

Расонаҳои ҷаҳонӣ иттилоъ медиҳанд, ки мақомоти Эрон дар посух ба авҷ гирифтани эътирозҳо, дастрасӣ ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бисёре аз минтақаҳо маҳдуд кардаанд. Ба гуфтаи мақомдорони эронӣ, ин чораҳо барои “таъмини амният ва пешгирӣ аз бесуботӣ” андешида шудаанд. Аммо фаъолони ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалӣ ин иқдомҳоро ҳамчун маҳдудсозии озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот интиқод мекунанд.

Раҳбарони Эрон мегӯянд, дар паси ин эътирозҳо дасти хориҷиён аст ва ҳушдор додаанд, ки бо ҳар гуна нооромӣ бархӯрди қонунӣ сурат хоҳад гирифт. Дар айни замон, гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Эрон ва шахсиятҳои сиёсии дар хориҷ аз кишвар мардумро ба идомаи эътирозҳо даъват мекунанд.

Ба назари таҳлилгарон ва ва ниҳодҳои байналмилалӣ, таҳаввулоти ахири Эрон нисбат ба солҳои 2022-2023 ба сабаби истифодаи зӯр ва хушунат алайҳи эътирозгарон ва инчунин оташ задани мошинҳо ва идораҳои давлатӣ аз ҷониби эътирозгарон вазъро ташвишовар ва ҷиддитар кардааст. Бархе кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқӣ аз ҳукумати Эрон хостаанд ҳуқуқи шаҳрвандон ва озодиҳои асосиро риоя намояд.

Нозирон бар ин назаранд, ки идомаи буҳрони иқтисодӣ дар баробари норозигии амиқи иҷтимоӣ метавонад вазъро боз ҳам печидатар кунад. Гуфта мешавад, ояндаи ин эътирозҳо то ҳадди зиёд ба шеваи бархӯрди ҳукумат ва тавоноии он дар идораи буҳрони кунунӣ вобастааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Занони ҷавони тоҷикро ба Русия барои танфурӯшӣ ҷалб мекард

Як зани 45-солаи тоҷик бо иттиҳоми фиреби ҷавондухтарон бо ваъдаи касби пул ва даъвати онҳо ба Русия барои танфурӯшӣ боздошт шуд.

Тағйироту ҷойивазкунии мақомдорон ва ғиёби Ятимов

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар вазорату идораҳои сохторҳои қудратӣ тағйирот анҷом дод.

Вазъи вахими Хушом Ғулом дар зиндон

Вазъи саломатии блогер ва зиндонии сиёсӣ Хушом Ғулом (Хушрӯз Ҷумъаев) дар маҳбас бад шуда, ба ҷарроҳӣ ниёз дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони 5 нафарро гирифт

Рӯзи гузашта дар пайи як ҳодисаи нохуши бархурди мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 нафар ҷон бохтанд.