Буҷети давлат барои соли 2022 тасдиқ шуд

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 ба андозаи 32,8 миллард сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки нисбат ба буҷети соли равон 18,6 дарсад зиёд гуфта мешавад.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Президент, рӯзи 25-уми октябр дар ҷаласаи Ҳукумат буҷети кишвар тасдиқ шуд. Мувофиқи он даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 32,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2021 5,1 миллиард сомонӣ бештар мебошад.

Инчунин хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 низ аз буҷети пешбинишудаи соли гузашта зиёдтар гуфта мешавад. Хароҷоти умумии буҷети кишвар барои имсол 33,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба даромад 600 миллион сомонӣ камтар аст.

Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат гуфт, ки буҷети давлатии соли 2022 барои татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ ба он, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи КОВИД – 19, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.

Дар буҷети давлатӣ барои соли 2022 барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишвар 14,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он баробар бо 43,7 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 14 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст.

Таҳлилгарон афзоиши буҷети давлатиро барои соли 2022 чандон қонеъкунанда намедонанд. Онҳо бар ин назаранд, ки беш аз 5 милларде, ки ҳукумат аз афзоиши буҷет мефахрад, дар баробари гароншавии нархи маҳсулот ва хидматрасониҳои комуналӣ дар бозорҳо, афзоиши арзиши барқу об, дар баъзе соҳаҳо зиёд шудани андоз ин 5 милларди зиёдатиро ба сифр баробар мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумоти бонкии муҳоҷиронро тафтиш кунад

Акнун Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонанд мустақлиона ва бо қарор додгоҳ фаъолиятҳои молии муҳоҷиронро тафтиш кунанд.

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.