12.9 C
Dushanbe

Бунёди роҳи оҳан байни Панҷакенту Самарқанд

Сурат: trainpix.org

Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд дар як суханрониаш рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Панҷакент гуфт, ки то ҷашни 30-солагиӣ Истиқлолияти Тоҷикистон байни шаҳри Панҷакент ва Самрқанд роҳи оҳан бунёд мешавад.

“Азия-Плюс” менависад, Аҳмадзода гуфтааст, мо барои бунёди роҳи оҳан байни Самарқанд ва Панҷакент ба вазири нави саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон маслиҳат намуда нақша тартиб додем, дар ҷустуҷӯй сармоягузорем, ки то ин роҳро бунёд намоем.

Раиси вилояти Суғд яке аз сабабҳои бунёди роҳро содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба дигар кишварҳо унвон кардааст. Ба гуфтаи Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ конҳои ангишт ҳаст, метавон ангишти ин ноҳияро ба берун содирот кард.

Ӯ мегӯяд, 20 киллометри роҳро ҷониби Тоҷикистон ва боқиро давлати ҳамсояи Узбекистон бунёд мекунад.

Гуфта мешавад, то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, як лоиҳаи роҳи оҳан миёни Самарқанду Панҷакент вуҷуд доштааст, ки бояд бунёд мегардид. 50 дарсади корҳо дар ин самт омода шуда будаанд, баъд аз пошхӯрии Итиҳоди Шуравӣ ин лоиҳа нотамом мондааст.

Ҳамчунин соли 2004 Ҳукумати шаҳри Панҷакент дар ҳамдастӣ бо ширкати «Сам Бу» аз кишвари Кореяи Ҷанубӣ барои васли манотиқи водии Зарафшони Тоҷикистон бо хатти роҳи оҳани Узбекистон дар вилояти Самарқанди он кишвар иқдом карда буд, вале бо сабаби сардии муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон ин иқдом амалӣ нагардид.

Он замон гуфта мешуд, ширкати кореёӣ,  дар баробари бунёди роҳ мехоҳад, дар Панҷакент як корхонаи муштарак барои истеҳсоли нурии минералии фосфорид бунёд кунад.

Маблағи бунёди роҳ дар он замон то 200 млн доллари амрикоӣ тахмин зада мешуд.

Миёни Самарқанду Панҷакент ҳамагӣ 60 км роҳ аст, ки дар ҳоли ҳозир роҳи мошингарди миёни ду шаҳр фаъол аст ва молу колои воридотиву содиротӣ тавассути он ҳамлу нақл мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи хазонрез дар ҲНИТ. Боз се узви дигар аз ҳизб канор рафтанд

Дар рӯзҳои аввали соли 2026 се фарзанди маҳбусони сиёсӣ аз узвияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даст кашиданад.

Дар Амрико як зани 37-сола бо дасти маъмури муҳоҷират кушта шуд

Дар шаҳри Миннеаполиси ИМА дар ҷараёни як амалиёт маъмурони Идораи муҳоҷират ва гумрук (ICE) як зани 37-сола куштанд.

Модар барои куштани духтари сесолааш ба зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Хуросонро барои куштани духтари сесолааш ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Амрико барои додани виза ба шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ кард

Вазорати корҳои хориҷии Амрико барои 38 кишвари дунё додани визаро бо пардохти иловагӣ ҳамчун гаравпулӣ ҷорӣ кард.