Тафсилоти кушта шудани Мамадбоқиров ва баста шудани роҳҳо дар Хоруғ

Имрӯз 23-юми май маросими ҷанозаи Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон, ки аз ҷониби мақомот кушта шуд, дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ ҷараён дорад. Аммо шаҳр баста аст ва сокинони дигар маҳаллаҳо наметавонанд дар ин маросим ширкат кунанд.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, садҳо низомии мусаллаҳ дар постҳо қарор дошта, чорроҳаи марказӣ, пул (Кирин Йед), гузаргоҳи маҳаллаи УПД ва гузаргоҳи нав дар даромадгоҳи Чинакро бастаанд.

Шаҳри Хоруғ аз минтақаҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Ишкошим баста аст.

Гуфта мешавад, дар гирду атроф “снайперҳо” ҷойгир шуда, касеро намегузоранд аз дигар манотиқ ба маросими ҷанозаи Маҳмадбоқиров биёянд ва танҳо сокинони маҳаллаи Бархоруғ ва УПД метавонанд ширкат кунанд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбаронии мардумии Бадахшон 22-юми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии “Бойнӣ” аз сӯи хадамоти махсуси Тоҷикистон кушта шуд.

Вазорати корҳои дохила сабаби кушта шудани Боқировро “муноқишаи байни ҳамдигарӣ” гуфтаанд. Аммо тарафдорон ва наздиконаш ба ин фарзияи мақомот бовар надорад.

Дар ҳамин ҳол Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохта, дар истинод ба манбааш хабар дод, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров вақте аз хонааш берун мебарояд, дар маҳҳалаи “Бойнӣ” аз ҷониби 4 афсари хадамоти махсуси Тоҷикистон тирборон мешавад.

Тибқи навиштаи Саркорова, “полковник Мамадбоқир Мамадбоқиров тахминан соати 17:00 аз манзилаш воқеъ дар маҳаллаи Бархоруғ, берун мебарояд. Барои он ки диққати зиёд ҷалб нашавад ва наздиконашро зери хатар нагузорад, ба касе иҷоза намедиҳад то бо ӯ биёянд.  Ӯ даъвати оила ва тарафдоронашро ба андешидани чораҳои эҳтиётӣ нодида гирифта мегӯяд, ки мехоҳад танҳо дар кӯчаҳои кӯдакиаш сайр кунад.”

Дар идома Саркорова менависад:

“Дар мавзеи маъруф бо номи “Бойнӣ” як мошин ба таври ғайричашмдошт ба сӯи Мамадбоқирови бесилоҳ, ки роҳ мерафт, баромад ва аз дохили он 4 афсари хадамоти махсуси Тоҷикистон берун шуданд. Онҳо полковникро иҳота карда, бидуни огоҳӣ сӯяш тир кушоданд. Дар натиҷа Мамадбоқиров ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.

Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳодиса яке аз наздиконаш, ки пинҳонӣ аз паси ӯ мерафт, сахт ярадор шуда, дар бемористон аст.

Ба иттилои Саркорова як сокини дигари маҳаллӣ, ки шоҳиди ин ҳодиса буд ва мехост Мамадбоқировро наҷот диҳад, низ аз тири мақомот кушта шудааст.

Хабаргузории “Бомдод” дар истинод ба манбааш фарзияи дигареро нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад:

“Мамадбоқир Мамадбоқиров нимаи дуюми рӯзи 22 май аз тири мерганҳо (снайперҳо), ки чанд рӯз боз дар маҳаллаи Бойне хайма гузошта, камин гирифта буданд,  кушта шуд. Мерганҳо аз камингоҳи худ Боқир ва ду тан аз ёронашро замоне ҳадаф қарор доданд, ки онҳо бо мошин дар дохили маҳаллаи Бархоруғ ҳаракат мекарданд.”

Хабарҳое низ нашр шуданд, ки дар пайи кушта шудани Мамадбоқиров мардум дар маҳаллаҳои гуногуни Хоруғ ҷамъ шуда, мехостанд ба маҳаллаи Бархоруғ раванд, аммо мақомот дар кӯчаҳо шумори зиёди нирӯҳои низомиро мустақар карда, роҳҳои ба тарафи Бархоруғро бастаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.