Ҷаримаи духтур барои хунукназарӣ

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе шаҳрванд Рустам Умбатов, духтур-мутахассиси бемориҳои асабро барои хунукназарияш ҷарима кард.

Бино ба иттилои сомонаи суди ҳарбии гарнизони Душанбе, Рустам Умбатов ба моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне хунукназарӣ айбдор мешавад.  

Умбатов 3-юми апрели соли 2020 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ҳайси табиб кор карда, сокини ҷавони пойтахт Парвиз Ҷалиловро, ки гирифтори бемории сутунмӯҳра будааст солим ва ба хизмати ҳарбӣ муносиб донистааст.

Гуфта мешавад, Ҷалиловро баъд аз ташхис, барои адои хидмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 02615 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодаанд. Дар рафти адои  хидмат бемории номбурда авҷ гирифта, ӯ барои муолиҷа ва табобат ба Госпитали марказии ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шудааст.

Ҳамин тариқ бо қарори суд Умбатов барои расонидани зарари ҷиддии маънавӣ ба Парвиз Ҷалилов, ҷарима карда шуд, ҳаҷми ҷарима дар хабар гуфта нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.