Чаро “Азия-Плюс” бояд дафтарашро ба “Ховар” бибахшад?

Хабрагузории “Азия-Плюс” шикоят дорад, ки хабаргузории ҳукуматии Ховар мехоҳад дафтари ободкардаи онҳоро бигирад. Ба гуфтаи масъулони ин расона дафтари корие, ки онҳо то ин дам ба муддати 20 сол дар он фаъолият кардаанд, онро аз ҳисоби худ  таъмир кардаву барои кор тамоми шароитро фароҳам сохтаанд вале онро мехоҳанд ба “Ховар” бидиҳанд.

Ба он хотир, ки ба Ховар дафтари кории ҷудошуда дар ошёнаи 13-уми Комплекси табъу нашр, ки ба қавли раҳбарияти “Шарқи озод”, “он ҷо ҳам ҳамин хел шароит фароҳам аст”, маъқул нашудааст.  Масъулони хабаргузории “Азия-Плюс” хостаанд то ба ин қазия Озодаи Раҳмон раҳбари Дастгоҳи раисҷумуҳур дахолат кунад ва номаи расмиро ба унвони ӯ исрсол намудаанд. Ба ин тариқ “Азия-Плюс” менависад, ки умедворем, ки адолат то ҳол побарҷо аст!

АзияПлюс дар хитоб ба хонандагонаш навиштааст, ки дар ҳоли аз даст додани дафтар чизе тағйир нахоҳад ёфт: мо рисолати худ –  иттилоърасонӣ, таҳлил, гуфтану навиштан ва эҷодро идома хоҳем дод. Ҳатто агар дафтари кориамонро аз даст диҳем ҳам, “Азия-Плюс” илоҷи корро хоҳад ёфт:

сохтмон дар шаҳр хеле зиёду бино ва дафтарҳои корӣ ҳам бисёранд. Илова бар ин, пандемияи коронавирус ба мо бисёр сабақҳо дод: сарфи назар аз ҳама чиз, фаврияту кор дар ҳама гуна шароит ва кори пурсамари дур аз дафтари корӣ бидуни талафот.

Ин ягона мушкилии ба роҳ андохтаи мақомоти Тоҷикистон барои ин хабаргузории мустақил набуда, расо ду сол пеш – рӯзи 29 ноябри соли 2018 дастрасӣ ба расонаи иттилоотии Тоҷикистон “Азия-Плюс” дар кишвар қатъ шуд.

Ба иттилоъи ин хабаргузорӣ пештар ҳам чунин қатъшавиҳо баъзан сурат мегирифтанд, лекин муддати аз якчанд рӯз то ду моҳ давом мекарданд. Қатъи дастрасии ҳозира бесобиқа аст – он аллакай 730 рӯз инҷониб идома дорад, бо имкони дастрасиҳо ё худ танаффусҳое барои якчанд дақиқаву соат ва рӯз. Дастрасӣ ба дигар доменҳо ҳам қатъ шудааст.

Дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон касе қатъ накардааст, домени асосӣ – news.tj низ шикаставу корношоям нест. Ба дархостҳои идораи “Азия-Плюс” ниҳоди масъули танзими масоили телекоммуникатсионӣ дар кишвари мо – Хадамоти алоқа посух медиҳад, ки онҳо дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс”-ро қатъ накардаанд ва сабабаш ба гумони ғолиб, “мушкили техникӣ аст”. Бо вуҷуди ин, сомона танҳо тариқи VPN дастрас аст. Аз ин рӯ, ба ҳар ҳол, дастрасӣ ба онро касе қатъ кардааст, лекин аз эътирофи он метарсад, зеро медонад, ки ин қонуншиканӣ аст”.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи ин хабаргузорӣ дар торнамои “Азия-Плюс” ҳукуматро танқиди шадид намекунанд, баръакс, қисмати назарраси муҳтавои сомонаро маводу хабарҳо дар бораи фаъолияти Президенту ҳукумат ва дигар сохторҳои давлатӣ дар бар мегирад. Маводи боқимонда фарогири мавзӯъҳои фарҳангиву фароғатианд.

Аммо чизе, ки сабаби чапгирии мақомот нисбати ин хабругзорӣ шуда, ба гуфтаи сардабири ин хабаргузорӣ Умед Бобохонов, нашр накардани маводи пастсифати ташвиқотии баъзе сохторҳо будааст.

“Бо ҳукумат барои ҳамкорӣ омодаем ва инро муддати 25 соли таърихи фаъолияти худ анҷом медиҳем, лекин дар ҳамин ҳол, ба касб ва хонандагони худ арҷ гузошта, бинобар ин, аз нашри чунин мавод худдорӣ мекунем. Бигзор ҳама ба кори худ машғул шавад”, – мегӯяд ӯ.

Агентии иттилоотии мустақили Тоҷикистон ASIA-Plus тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шуда моҳи апрели соли 1996 нахустин шумораи варақаи иттилоотӣ-таҳлилии худро нашр кардааст. Агентӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ хизматгузориҳои иттилоотӣ пешниҳод мекунад.

Сафи корбарони “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ним миллион – гуфта мешавад ва шумораи якмоҳа боздидкунандагони маводи сомонаи “Asia-Plus”-ро масъулони ин хабаргузорӣ зиёда аз 1 МИЛЛИОН нафар мегӯянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.