15.9 C
Dushanbe

Чаро баъд аз кушода шудани масҷидҳо назорат болои онҳо шиддат гирифтааст?

Баъзе сокинони манотиқи кишвар аз он нигаронӣ доранд, ки бо кушода шудани масҷидҳо хурсандияшон дер давом накард. Сокинон мегӯянд, маъмурони КДАМ масҷидҳоро зери назорати шадид қарор дода, имомонро маҷбур месозанд, ки дар ҳаққи Президент дуо кунанд ва амри маъруфи дуру дароз накунанд.

Чунин маълумоте аз ду манбаи дигар низ ба дасти “Аздо тв” расид, ки мегуфтанд, КДАМ, пулис, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои дигар назораташонро болои масҷидҳо шадидтар кардаанд. “Бо ин фишорҳое, ки болои намозхонон сурат мегирад, шояд мардум худаш дигар ба масҷидҳо нараванд”, – мегӯяд манбаъ.

Ҳамчунин як манбаи дигар аз ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён (собиқ Бохтар) ба “Аздо тв” хабар дод, ки баъд аз кушодашавии масҷидҳо маъмурони ниҳодҳои гуногун ба масҷидҳо рафта маблағҳои зиёд талаб доранд, ки имомон ва намозгузоронро нигарон кардааст.

Манбаъ мегӯяд, бо вуҷуди будани маъмурони КДАМ боз аз Идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳия, нозирони барқ ва дигар ниҳодҳо ба масҷидҳо рафта маблағ талаб менамоянд. Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён чунин назорат дар ҳеч вақту замоне болои масҷидҳо набуд.

Тасдиқи ин маълумот аз ҷониби мақомоти ноҳияи Кушониён барои “Аздо тв” муяссар нашуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз 1 феврал масҷидҳо баъд аз таътили 10 моҳа дигарбора кушода шуданд. Аммо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва зиддиуфунӣ кардани дастҳову доштани ниқоби тиббӣ шарти асосӣ барои ворид шудан ба масҷидҳост.

Ҳангоми адои аввалин намоз баъд аз таътили дароз муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар масҷиди марказии пайтахт аз намозгузорон хоста буд, ки ҳар нафаре, ки ба масҷид меояд бояд бо худ ҷойнамоз дошта бошад ва масофаро риоят кунад.

Пеш аз қарори кушодани масҷидҳо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ҳушдор дода буд, ки дар сурати риоят нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ метавонад дари масҷидҳоро дигарбора бандад.

Коршиносон мегӯянд, назорати КДАМ ва сохторҳои қудратӣ болои намозгузорон дар масҷидҳо шояд ба он маъност, ки мақомот дигарбора мехоҳад дари дилхоҳ масҷидро бо баҳонаҳои андак бандад. Чун қаблан ҳам гуфта буд, ки дар суртаи риоят нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ масҷидҳоро мебандад, вале қоидаҳои беҳдоштӣ баҳонаи хубе мешавад барои дигарбора бастани дари масҷидҳо.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.