Чаро Эрон сафири Русия дар ин кишварро эҳзор кард?

Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар пайи судури баёнияи муштараки кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва Русия сафири ин кишвар дар Теҳронро эҳзор кард.

Рӯзи сешанбе Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо расонаҳо матолиби дарҷёфта дар баёнияи муштараки кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Русияро дар хусуси ҷазираҳои сегона рад кард ва ҳамзамон изҳор дошт, ки “ин ҷазоир тааллуқи абадӣ ба Эрон дошта ва судури ин гуна баёнияҳо бо равобити дӯстонаи Эрон ва ҳамсоягон муғйират дорад.“

Эрон ҷазираҳои Тунби Бузург, Тунби Кӯчак ва Абумусоро ҷузъи қаламрави худ меҳисобад ва мегӯяд, ин мавзуъ “ғайри қобили гуфтугӯ” аст. Аммо Имороти Муттаҳидаи Араб онҳоро хоки худ меҳисобад ва борҳо талаб карда, ки бо роҳи мусолиматомез ин ҷазираҳо ба ин кишвар баргардонида шаванд. Ва ҳатто масъаларо то ба Созмони Миллали Муттаҳид ҳам бардоштааст.

Нишасти Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва Русия рӯзи душанбе, 10-уми июл дар Маскав баргузор гашт. Дар ин нишаст вазирони хориҷии кишварҳои Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Уммон, Баҳрайн, Кувайт, Қатар ва Русия ширкат карданд.

Аъзои Шӯрои ҳамкорӣ дар поёни нишаст баёнияеро имзо карданд, ки дар он гуфта мешавад, парвандаи ин се ҷазира бори дигар ба Девони байналмилалии додгустарӣ фиристода шавад ва ин кишварҳо “хостори ҳаллу фасли ин масъала мутобиқи қавонини байналмилалӣ” шудаанд.

Русия аз мавзеи кишварҳои арабӣ дар хусуси ин се ҷазира пуштибонӣ кард, ки ин мавзеъгирӣ хашми Теҳронро ба бор овард ва бо ин далел сафири Маскав дар Теҳрон эҳзор шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.