Чаро коргоҳи дӯзандагӣ аз кор монд? Чун дӯзандаҳо хаста шуда ба истироҳат рафтанд

Рӯзи 1 октябр дар ноҳияи Рӯдакӣ зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагнӣ ифтитоҳ гардида буд.  Вале баъд аз гузашти чанд рӯз биное, ки пур аз таҷҳизоти дӯзандандагӣ ва коргарон буд, ҳоло холӣ буда, дар он на таҷҳизот ҳасту на коргар.

Дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки:

“Дар ошёнаи дуюми  Маркази савдои Зафар маҷмааи сехи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ ташкил карда шудааст, ки дар он асосан занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб карда шудаанд”.

Бино ба гузориши телевизионҳо Тоҷикистон, мебойст дар он коргоҳ даҳҳо номгӯи маҳсулот, ба монанди либосҳои мактабӣ барои хонандагон, либосҳои духтаронаву писарона, хилъат барои табибон, куртаҳои чакану попурӣ, рахти хоб ва амсоли ин омода дӯхта ва ба бозор бароварда мешуд, вале тибқи хабарҳои расида, баъд аз гузашти танҳо чанд рӯзе аз он коргоҳи дӯзандагӣ ҳеҷ ному нишоне намондааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми октябр аз ин бино гузориш дод, ки дида мешавад, бино комилан холӣ буда, аз таҷҳизоти дӯзандагӣ ва занҳои дӯзанда хабаре нест.

Масъулини ҳукумати Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ  гуфтаанд,  дӯзандаҳо хаста шудаанд ва барои истироҳат рафтаанд.

Занҳое, ки   аксҳояшон ҳангоми суҳбат бо Президент нашр гардида буд, ба шарти бурда нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, аз Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ аз онҳо хоҳиш карда буданд, ки то омада рафтани Президент дар бино бошанд.

Яке аз онҳо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфтааст:

“Ҳамон рӯзе, ки корхона кушода шуд, ростӣ, худам чизе нафаҳмидам. Фикр кардам, ки акнун дигар доимӣ дар ҳамин ҷо кор мекунем, лекин баъди сафари президент, гуфтанд, ки ҳама чизҳоро ҷамъ кунед. Ҳоло интизорем, ки занг мезананду ба кор даъват мекунанд”.

Сомонаи Президент навишта буд, тибқи иттилои масъулони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамаи занону духтарон қабл аз он ки ба кор ҷалб карда шаванд, дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Ин дар ҳолест, ки як зани дигаре, ҳангоми кушодашавии сехи дӯзандагӣ дар онҷо будааст, мегӯяд,  ҳеч вақт ва дар ҳеч куҷо барои дӯзандагӣ омӯзиш нагирифтаанд.

Муслима Саидмуродова, раиси идораи занони ҳукумати Рӯдакӣ, ки рӯзи кушодашавии коргоҳи мазкур бо Эмомалӣ Раҳмон дар дохили ин коргоҳ дида мешуд, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, корхона бо дастгирии соҳибкор бунёд шудааст. Ба гуфтаи ӯ, 50 занро дар онҷо ба кор гирифтаанд. Аммо дар хабарномаи сомонаи Президент 100 нафар зикр гардидааст. Дар идома Саидмуродова қайд кардааст, ки занҳо хеле хаста шуда буданд ва ҳоло барои истироҳат рафтаанд.

Дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ, ки чаро мошинаҳо ҳам дар ин корхона нестанд, ӯ гуфтааст, “мошинаҳоро иваз мекунанд”. “Мо аз дигар ҷо мошинаҳои дарздӯзии якхела оварда будем. Ин занҳо ҳоло бо мошинаҳои худашон омада кор мекунанд”.

Ҳангоми сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон, ба шаҳру ноҳоҳияҳои кишвар гуфта мешавад, ки чандин корхонаҳои хурду бузург ифтитоҳ мегарданд, вале боз дида мешавад, ки сатҳи бекорӣ дар кишвар мисли ҳамешагӣ боқӣ мондааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар давоми 20 соли охир дар сафарҳои Президент ҳазорон корхона бозкушоӣ шудаанд, ки гӯё корро оғоз намуда садҳҳо ва ҳазорҳо нафар коргар қабул намудаанд, вале инҳо ҳама танҳо барои нишон додан аст, ки гӯё коре анҷом додаанд ва баъд аз рафтани Президент хабарҳо нашр мегардад, ки чунин корхонаҳо аз кор бозмондаанд ва баъзеяш ба харобазор мубаддал гардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.

Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард

Тоҷикистон дар таърихи худ бори аввал номзадияшро ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Бехатарии СММ барои солҳои 2028–2029 пешниҳод кард.

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.