Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.
Мусаввир Баҳодурӣ, роҳбари Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Душанбе, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” хабари 15 рӯз муҳлат додани мақомоти тоҷик барои ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистониро рад карда, гуфтааст, ки дар ин бора “касе аз паноҳҷӯён ба онҳо муроҷиат накардааст.”
Аммо ба назари корбарон, ҷавоби ин кумита бештар ба ҷавоби ниҳодҳои ҳуқуқии Тоҷикистон монанд аст. Аз ҷумла, ба ниҳодҳое чун Ваколатдори ҳуқуқи инсон, Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки вақте аз қонуншиканиҳои масъулин, поймолшавии ҳуқуқи зиндониён, зарбу шиканҷа шудани маҳбусон шикоят мешавад, ҳамеша мегӯянд, “касе аз ҷабрдидагон ба онҳо муроҷиат накардааст.”
Ҳамзамон Сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳам дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз хабари 15 рӯз муҳлат додани мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони афғонистонӣ изҳори беиттилоӣ кардааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои Афғонистон ду рӯз қабл дар пасманзари ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Эрон хабар доданд, ки Тоҷикистон низ барои паноҳҷӯёни Афғонистон 15 рӯз муҳлат дода, то хоки кишварро тарк кунанд. Дар хабар таъкид мешуд, ки ин зарбулаҷал ҳама муҳоҷирони афғонистониро нобоста аз он ки асноди иқомат доранд ё на, шомил мешавад.
Вале ба таври расмӣ то ҳанӯз ҳеч мақомдори Тоҷикистон ва ё ниҳодҳои марбута дар ин бора вокунише накардаанд ва ин хабарро на рад ва на тасдиқ кардаанд.
Соли гузашта низ расонаҳои Афғонистон хабару наворҳои зиёде нашр карданд, ки гуфта мешуд, мақомоти тоҷик баъзе паноҳҷӯёни афғонро маҷбурӣ аз хонаҳояшон боздошт карда, ҳатто нагзоштаанд, ки либосҳои хонагияшонро иваз кунанд, мустақим ба лаби марз оварда, радди марз карданд.
Он замон ҳам мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ин хабарҳоро рад ё тасдиқ накарда буданд.
Пас аз нашри ин хабарҳо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоста буд, ки муҳоҷирони афғонистониро ба кишварашон, ки онҷо ҷонашон дар хатар аст, нафиристад.