Саидҷаъфар Усмонзода раиси ҲДТ ба интихоботи президентии 11 октябр роҳ наёфт. КМИРТ гуфтааст, санадҳое, ки ҲДТ пешниҳод кард, мутобиқи қонун набудаанд ва аз ин рӯ Саидҷаъфар Усмонзода ба ҳайси номзад дар интихоботи президентӣ ба қайд гирифа нашуд.
Ба навиштаи Радиои Озодӣ дар баёнияе, ки КМИР ба нашр расондааст, ба қайд нагирифтани номзади ҲДТ-ро КМИР ба қисми сеюми моддаи 65-и Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии оиди интихоботи президентӣ рабт додааст. Дар ҳардуи ин бандҳои қонун омадааст: “Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.”
Худи Саидҷафъар Усмонзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабари рад шудани номзадиашро таъйид карда, гуфт, сабабҳо барои ӯ ба таври шифоҳӣ гуфта шудаанд ва пас аз дарёфт кардани посухи расмӣ, ӯ ҳамаро расонаӣ хоҳад кард.
“Як чизе, ки ба ман гуфтанд, ҷой доштани тақаллуб дар имзоҳо аст. Мо 285 ҳазору 420 имзоро ба Комиссия таслим карда будем ва ба қавле, теъдоди бузурги онҳоро КМИР ботил кардааст. Дар умум, мо аз тасмими КМИР хафа нестем. Амалан ҳизби мо дар парлумон ҳузур дорад, касе фишорамон намеорад ва ин ба маънои идома доштани зиндагиву кори мо аст”, – гуфт Саидҷаъфар Усмонзода ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба ин тартиб 5 номзад аз ҳизбҳои мухталиф, аз ҷумла президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи 11 октябр ба қайд гирифта шудаанд.
Ягона Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ дар Тоҷикистон интихоботро ғайриқонунӣ номида, онро таҳрим намуд.
Дар баробари номзади ҳизбҳо инчунин ду номзади худпешбар низ барои иштирок дар интихоботи президентии 11 октябр хабар дода буданд. Фаромуз Иргашев чавони ҳукуқшинос аз ВМКБ, ки мехост тариқи худпешбарӣ дар интихобот ширкат кунад, аз иштирок дар он канор рафт. Сабаби канор рафтани худро Иргашев дар ҷамъ наовардани имзоҳои зарурӣ хонд. То рӯзи 14 сентябр Фаромуз 83 ҳазор имзо чамъоварӣ намудааст. Иргашев гуфт, варақаҳои имзоҳоро барои мушкил эҷод нашудан барои тарафдоронаш, нобуд мекунад.
Ба назари коршиносон бо роҳ надодани Саидҷаъфар Усмонзода ба интихобот, ҳукумат мехоҳад раванди имзоҷамъкунӣ ва ҳисобкунии онро шаффоф ва ҳизбҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд мустақил нишон диҳад. Дар интихобот иштирок кардан ё накардани нафароне ба мисли Усмонзода раванди интихобтро тағйир нахоҳад дод, чун аллакай маълум аст, ки барои 7 соли оянда кӣ президенти Тоҷикистон мешавад, мегӯянд коршиносон.
Ин дарҳолест, ки ҲДТ 23 август номзадии Усмонзодаро пешбарӣ карда буд ва барои имзо ҷамъ овардан ҳудуди 20 рӯз фурсат доштанд, ки ин барои як ҳизби расмӣ фурсати муносиб аст. Аммо дар баробари ин ҲКТ номзади худро рӯзи 5 сентябр пешбарӣ кард, ки ҳамагӣ 5 рӯз барои имзо ҷамъкунӣ фурсат дошт. Бо вуҷуди ин ҲКТ тавонист имзоҳои лозимаро “ҷамъоварӣ” кунад ва вориди корзори интихоботӣ шавад. Коршиносон мегӯянд, ин бор барои шаффоф нишон додани раванди имзоҷамъкунӣ ва муаррифии чеҳраҳои нав, яъне раҳбарони ҲАТ, ҲИИТ, ҲКТ, Усмонзода гӯё қурбон шуд.