Чаро Тоҷикистон тавсияҳои ИА ва созмонҳои ҳуқуқи башарро иҷро намекунад?

Иттиҳоди Аврупо баъд аз ҷаласаи солона бо вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ, ки 17-уми ноябр бо роҳбарии намояндааш Жосеф Борред баргузор гардид, ИА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 134 млн евро барои кӯмак дар буҳрони ҳамагирии коронавирус ҷудо кард.

Ин ҷаласаи солона, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардидааст, ба “аҳамияти таъмини рушд” дар бахшҳои “ҳокимияти қонун, мудирияти демократӣ ва ҳамчунин ҳуқуқи инсон” бо шумули ҳуқуқҳои бунёдӣ дар бахши кор ва баробарии ҷинсӣ таъкид намуданд.

Дар ҳоле ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби ИА кумак ҷудо мешавад, ки Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки кумакро ба кишварҳои ОМ ба ивази иҷро намудани ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башар пешниҳод кунад.

Дар изҳороте, ки Human Rights Watch дар робита ба Тоҷикистон пахш кард аз пинҳон доштани вуҷуди коронавирус то поёни апрел дар кишвар, дар бораи талошҳои фишор ба кормандони тиббие, ки аз паёмадҳои нохуби вирус сӯҳбат карда буданд, дар бораи мавҷудияти 150 зиндонии сиёсӣ ва фишор ба наздикони аъзои мухолифони дар хориҷбуда гуфта шудааст.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ ба ҷуз Human Rights Watch Тоҷикистон ҳамсола мавриди интиқоди ниҳодҳое чун Amnesty international (Афви Байналмилал), Freedom House (Хонаи озодӣ), Комиссари Олии ҳуқуқи башари СММ, САҲА ва ҳамчунин ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ барои нақзи пайвастаи ҳуқуқи башар, қарор мегирад. Вале тавре мухолифон мегӯянд, танқидҳо хеле маҳдуданд ва умдатан аз сӯйи мақомот нодида гирифта мешаванд.

Аз ҷумла Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ, нодида гирифтани интиқодҳои созмонҳо ва давлатҳоро аз ҷониби Тоҷикистон чунин шарҳ додааст:

“Нахуст, ин кишварҳо ҳеч гоҳе ёриҳо ва равобити дипломатии худро ба риояи ҳуқуқи башар пайванд надодаанд. Дувум ин ки набуди равобити комили иқтисодии кишварҳои ғарбӣ бо Тоҷикисон дасти ин кишварҳо ва созмонҳоро барои фишанги бештар рӯйи Душанбе кӯтоҳ кардааст”

Шерзамонов дар идома иброз доштааст, ки барои мақомоти Тоҷикистон намуна Русияву Чин аст, ки тақозоҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои риояи ҳуқуқи башар нодида мегиранд.

Соли 2017 мухолифони тоҷик талош намуданд, ки мақомдорони тоҷикро, ки дар нақзи ҳуқуқи башар даст доранд, вориди рӯйхатҳои таҳримотии Аврупо кунанд. Худи ҳамон сол эътилофи иборат аз 23 созмон ба Котиботи давлатӣ ва Вазорати молияи ИМА пешниҳод карданд, ки алайҳи 15 мансабдор ва тоҷири кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон ва фасоди молӣ гумонбар мешаванд, мутобиқи “Санади Магнитский” таҳрим ҷорӣ кунад.

Дар ин рӯйхати пешниҳодгашта номи раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов зикр шуда буд. Вале таҳримҳо дар баробари мансабдорон ҷорӣ нашуданд.

Алим Шерзамонов мегӯяд, Тоҷикистон барои сиёсатмадорони аврупоӣ чандон мавриди таваҷҷуҳ нест. Ба гуфтаи ӯ барои ҷорӣ намудани таҳримҳо зарур аст, ки муносибати Аврупо бо минтақа ва аз ҷумла бо Тоҷикистон, ба таври решаӣ тағйир кунад.

Радиои Озодӣ менависад ҳамасола аксари созмонҳои ҳуқуқи башар, Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор медиҳанд ва тавсияву талабҳое барои беҳтар намудани вазъии кунунии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мекунад. Вале мақомот нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро комилан рад мекунад ва ё тавсияҳои созмонҳои байналмиллалро нодида мегирад, ки баҳонае барои зери шубҳа гузоштани мавҷудияти ин гуна созмонҳо мешавад.

Аз ҷумла СММ ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон хоста буданд, ки зиндониёни сиёсӣ Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Далер Шарифов, Маҳмадрузӣ Искандаров ва зиндониёни ҲНИТ-ро озод кунад, вале то ҳол ин тавсияҳо иҷро нагардидааст.

Худи ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, барои ҳукуматдорон обрӯ дар сатҳи байналмилалӣ муҳим аст, аз ин рӯ танқидҳо аксаран ба эътибор гирифта мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон барои иштирок дар ҳамоише ба Озарбойҷон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар кард.

Як ронандаи таксии шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон ба куштор гумонбар аст

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи маргбор дар гузаргоҳи пиёдагардон дар Варшава гумонбар дониста мешавад, пас аз марги ҷабрдида Лаҳистонро тарк кардааст.

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Михаил Галустян узр пурсид, аммо узрхоҳии ӯ саволҳои навро ба миён овардааст

Ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустян пас аз мавҷи интиқодҳо дар пайи сафараш ба Душанбе ба хотири нақшҳои қаблияш аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.