Ба гузориши Хадамоти истихборотии Украина, мақомоти Чеченистон зиндониён, ба хусус маҳкумшудагони мухолифи ҳукуматашро ба минтқаи ҷанг дар Украина мефиристад.
Акс: ИнтернетТавре расонаи РБК аз қавли Хадамоти истихбороти Вазорати дифои Украина хабар медиҳад, дар Чеченистон маълумоти маҳбусони мухолифи ҳукуматро, ки дар зиндонҳои маҳаллӣ адои ҷазо мекунанд ҷамъоварӣ доранд ва ба хотири “ислоҳи онҳо” ва идомаи адои ҷазо ба минтақаи ҷанг мебаранд.
“Дар мукотибаи маъмурони Хадамоти амнияти федеролӣ дар Чеченистон (ФСБ) талаби пешниҳоди маълумоти шахсии маҳкумшудагон, аз ҷумла ному насаб, суроғаи хона, рақами телефон, почтаи электронӣ вуҷуд дорад.” – хабар медиҳад Хадамоти истихборотии Украина.