10.9 C
Dushanbe

Чин ба бурдани тиллои Тоҷикистон шуруъ кард

Расонаҳои мустақили кишвар аз қавли мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки ширкати TBEA-и Чин дар кони тиллои “Дуобаи шарқӣ”, ба истихроҷи тилло оғоз кардааст. Кони тиллои “Дуобаи шарқӣ” аз калонтарин конҳои тиллои Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Конҳои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло” моҳи августи соли 2012 тибқи як созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Чин ба ихтиёри ин ширкати чинӣ гузашта шуда буд.

Он замон гуфта мешуд, майдони умумии конҳо 15,4 км мураббаъ ва захираҳои собитшудаи тилло дар конҳо – 51,7 тонна ва захираҳои мавриди таҳқиқ – 117,16 тоннаро ташкил медиҳад. Аммо дертар маълум шуд, ҳаҷми тилло дар ин конҳо 64 тонна буда ва мумкин аст аз ин ҳам зиёд бошад.

Мувофиқи ин созишнома ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар дар соли 2016 сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро ба анҷом расонид. Аз ин ҳисоб танҳо 17 миллион доллараш саҳми Тоҷикистон аст. Маблағи боқимонда қарзи “Эксимбонк”-и Чин буда ширкати ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон умед дорад ширкати ТВЕА хароҷоти худро аз конҳои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло”, ки акнун ба ин ширкати чинӣ дода шудааст ба даст меорад ва тиллои боқимонда ба нафъи кишвар истихроҷ мешавад.

Сурат: fatunetwork.net

Аммо Чжан Син, роҳбари ТВЕА ба торнамои “stcn.com” дар Чин пештар гуфта буд, “агар ширкат аз ин ду кони тилло хароҷоташро бароварда насозад, Ҳукумати Тоҷикистон розӣ аст ба ширкат иҷозати конҳои дигарро ҳам барои коркард бидиҳад.

Радиои Озодӣ менависад, Раҳмонбек Бахтдавлатов, роҳбари Комиссияи давлатии Тоҷикистон дар бораи захираҳо ва канданиҳои фоиданок, рӯзи 3-юми феврали соли равон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта, ки ТВЕА дар кони “Кумарғи боло” низ корҳои иктишофӣ ё ҷустуҷӯиро анҷом медиҳад.

Раҳбари ин Кумисюни давлатӣ гуфта аст, ки захираи ин ду кон тибқи пешбинии онҳо аз хароҷоти ширкати ТВЕА барои бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе зиёдтар аст. Аммо дар бораи он ки “Дуоби шарқӣ” ва “Кумарғи боло” чӣ қадар захира дорад, ба хабарнигорон посух надодааст. Онҳо пас аз анҷоми корҳои иктишофӣ дар ин бора хабар медодаанд.

“Кумарғи боло” ва “Дуобаи шарқӣ” танҳо конҳое нестанд, ки ба ихтиёри ширкатҳои чинӣ дода шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари ахири раисҷумҳури Чин, Си Зин Пин ба Душанбе кони нуқраи “Якҷилва”-и Мурғобро ба як ширкати чинӣ дод.

Сурат: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ҳукумат эълон кард, ки ширкати “Каши Синюй Майнинг Инвестмент Лимитед” барои коркарди нуқра дар Бадахшон сармоягузорӣ мекунад, аммо ҳаҷми он ва шартҳои қарордоди кон аз ҷомеа пинҳон нигоҳ дошта мешавад.

Дар гузашта Комиссияи давлатии Тоҷикистон дар бораи захираҳо ва канданиҳои фоиданок захираи нуқраро дар кони “Якҷилва” беш аз 200 тонна арзёбӣ карда буд.

Тайи чанд соли ахир Ҳукумати Тоҷикистон бо фармони бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон бахши захираҳои маъдании кӯҳии кишварро дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ вогузоштааст. Конҳои тиллои “Зарафшон” дар Панҷакент, “Пакрут” дар Ваҳдат, “Кумарғи боло” ва “Дуобаи шарқӣ” дар ноҳияи Айнӣ, кони сурбу руҳи “Олтин-Топкан” ва “Пай-Булоқ” дар Панҷакент тибқи шартномаҳои махфӣ дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ қарор доранд.

Раҳбарияти кишвар ба ҷомеа дар бораи ҳаҷми фоида аз коркарди захираҳои Тоҷикистон иттилое пешкаш намекунад. Коршиносон мегӯянд, ки Ҳукумат бойгарии кишварро ба ширкатҳои чинӣ бар ивази қарзҳои гирифтааш тақдим кардааст. Қарзҳо боис шуда, ки Тоҷикстон ба ғайр аз конҳои маъданҳои қимматнок ҳамчунин 5,5 дарсади заминҳои минтақаи Поимри Тоҷикистонро низ ба Чин вогузорад.

Дар ин бора расонаҳои Чин аз қавли рӯзнмоанигор Чу Йао Лу, журналисти таърихнигори чинӣ иттилоъ дода буданд. Ҳоло ин кишвари қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ба иттилои шабакаи телвизионии “WIONEWS“-и Ҳиндустон даъвои аз худ кардани 45 дарсади заминҳои Тоҷикстонро дорад.

Ахиран дар слои 2019 Вашингтон Пост аз ошкор шудани як қисми низомии чинӣ дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Чин ҳабар дода буд. Ҳиссаи назаррас аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон, ки 3,1 миллиард долларро ташкил медиҳад, ба кишвари Чин рост меояд.

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2021 барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” 562 миллион доллари дигар қарзи хориҷӣ ҷалб кунад. Виктория Панфиллова рӯзноманигор дар мақолае зери унвони “Тоҷкистон дар ҳолати дефолт қарор дорад”, навишт, ки агар дар ҳоли ҳозир Душанбе ният дорад қарз гирад, пас ба эҳтимоли зиёд танҳо аз Чин гирифта метавонад.

Пекин ҳеҷ гоҳ кумаки молиявӣ ба Тоҷикистонро рад намекунад. Самтҳои асосии сармоягузории ҷониби Чин ба саноати маъдан ва инфрасохтори ҷумуҳрӣ равона шудаанд, ки самти Пекин ба ҳамин тариқ ба Шарқ нигаронида шудааст.

Коршиноси тоҷик, доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо” Azeri Daily” таъкид карда, ки Чин ба ҳама чизи марбут ба маъданҳои зеризаминӣ таваҷҷӯҳ дорад ва дар Тоҷикистон тамоми ҷадвали Менделеев, аз ҷумла уран, тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳоро дорост.

Бо назардошти сустии иқтисод ва надоштани имконоти технологӣ, Тоҷикистон наметавонад конҳоро мустақилона аз худ кунад. Аз ин рӯ, маҷбур аст хориҷиёнро ҷалб кунад, ки дар байни онҳо чиниҳо бештар фаъоланд.

Виктория Панфилова мегӯяд, Пекин нотавонии Душанберо барои пардохти вомҳояш пешбинӣ карда, нақшаи хуби пардохти онҳоро пайдо кард, ки он маъданҳои фоиданок дар ивази маблағҳо мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия: Дар ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” 27 нафар гумонбар аст

Мақомоти Русия дар ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав 27 нафарро гумонбар медонанд.

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.