Ҷинояти куштор меафзояд. Як нафар додарарус ва дигаре бародари худро ба қатл расонд

Акс аз “Sputnik”

Як марди 31-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг бо гумони одамкушӣ аз ҷониби кормандони милиса дастгир карда шудааст.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти ВКД ин шахс 15-уми июли соли ҷорӣ тахминан соати 16:23-дақиқа бо бародари ҳамсараш, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи мазкур дар роҳи автомобилгарди «Восеъ-Ховалинг», дар кӯчаи 8-март вохӯрда, дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки ба марҳум марди 35-сола тааллуқ дорад, баҳсу муноқиша намудаанд.

Сипас, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани марҳум аз ҷайби шими дар танаш буда, 1-адад корди ошхонагии бо худ доштаашро гирифта, 6-маротиба дар аъзои бадани марҳум задааст.

Дар натиҷа марҳум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.

Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини пойтахт бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, шаби 15-уми июли соли 2020, тахминан соати 20:00 дар хонаи истиқоматиашон бо бародараш ҷавони 18-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 1-маротиба дар қафаси синааш задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тафтишот алайҳи ин ду нафар оғоз шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.