Чин ва Покистон бо нашри баёнияи муштараке иборат аз панҷ банд поён додани ҷанг ва барқарории сулҳу субот дар минтақаи Халиҷи Форс ва Ховари Миёнаро талаб карданд.
31-уми марти соли ҷорӣ, вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ва вазири корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Исҳоқ дар Чин мулоқот карда, вазъияти минтақаи Халиҷи Форс ва Ховари Миёнаро баррасӣ карданд.
Пас аз ин мулоқот ҷонибҳо изҳороти муштараки иборат аз панҷбандро нашр карданд, ки дар банди аввал Чин ва Покистон ба қатъи фаврии амалиёти ҷангӣ даъват намуда, талаб кардаанд, ки тамоми кӯшишҳо барои пешгирӣ аз паҳн шудани низоъ анҷом ва бояд кумаки башардӯстона ба ҳама минтақаҳое, ки аз ҷанг зарар дидаанд, расонида шавад.
Дар банди дуюм ҷонибҳо аз оғози ҳарчи зудтари музокироти сулҳ ҷонибдорӣ карда, ба зарурати ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолияти миллӣ ва амнияти Эрон ва кишварҳои Халиҷи Форс таъкид намудаанд. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки муколама ва дипломатия ягона роҳи қобили қабул барои ҳаллу фасли низоъҳо мебошад ва ҳамаи ҷонибҳо бояд аз истифода ё таҳдиди истифодаи нерӯ дар ҷараёни музокирот худдорӣ намоянд.
Чину Покистон дар банди сеюми изҳороти муштаракашон аз ҳамаи тарафҳои даргир даъват кардаанд, ки ҳамлаҳо ба шаҳрвандон ва ҳадафҳои ғайринизомӣ, ҳамчунин ба инфрасохтори муҳим, аз ҷумла иншооти энергетикӣ, корхонаҳои об, нерӯгоҳҳо ва инфрасохтори осоиштаи ҳастаӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи атомӣ, фавран қатъ намоянд ва пурра Қонуни байналмилалии башардӯстонаро риоят кунанд.
Илова бар ин, дар банди чоруми изҳорот гуфта шудааст, ки тангаи Ҳурмуз ва обҳои атрофи он яке аз роҳҳои муҳими ҷаҳонии интиқоли мол ва захираҳои энергетикӣ ба шумор меравад ва Покистону Чин аз ҷонибҳо даъват кардаанд, ки амнияти киштиҳо ва маллоҳонро, ки дар тангаи Ҳурмуз қарор доранд, таъмин намоянд. Инчунин ба убури саривақтӣ ва бехатари киштиҳои шаҳрвандӣ ва тиҷоратӣ иҷозат диҳанд ва ҳарчи зудтар ҳаракати муқаррарӣ тавассути ин тангарро барқарор намоянд.
Дар банди панҷум Чин ва Покистон аз таъсиси чаҳорчӯби ҳамаҷонибаи сулҳ ва ба даст овардани сулҳи пойдор бар асоси ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ гуфтаанд.
То ҳол мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон ва кишварҳо ИМА ва Исроил ба ин изҳорот вокунише накардаанд.
