Ҷо Байден: Путин дар Украина аз силоҳи хатарнок истифода карданист

Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден бо ибрози нигаронӣ гуфта, ки дар ин рӯзҳо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ноком шудааст ва ин таҳдиде бар шиддат гирифтани авзоъ хоҳад шуд.

Ҷо Байден рӯзи душанбе дар як мизи гирди тиҷорӣ гуфт, раисҷумҳури Путин ба далели шароити ҷанг дар Украина ва таҳримҳо ҳолати равонии хуб надорад ва “гирифтор” шудааст, ки ин масъала хатари истифода аз силоҳи кимёӣ ва биоложикро афзоиш медиҳад.

Раисҷумҳури Амрико бар ин бовар аст, ки Русия барои як “занги хатари сохтагӣ” омода мешавад. Ӯ мегӯяд: “Русия мехоҳад бигӯяд, ки Украина дорои силоҳҳои кимёӣ ва биоложик аст. Хеле равшан аст, ки ӯ мехоҳад аз ин навъи силоҳҳои алайҳи Украина истифода кунад”.

Русия иддао дорад, ки Украина силоҳҳои кимёӣ ва биоложик дорад ва инро барои худ хатар эҳсос мекунад. Аммо Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бар ин назаранд, ки Русия дар ҳуҷум бар Украина ба хостаҳояш чандон муваффақ нашудааст ва бо ин иддаояш эҳтимол аз силоҳҳои кимёӣ ва биоложик дар Украина истифода мекунад.

Таҳлилгарони масоили низомӣ бар ин назаранд, ки дар ҳолати истифодаи Русия аз силоҳҳои кимёӣ дар Украина даргириҳо шиддат гирифта, доираи ҷанг васеътар хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.