15.9 C
Dushanbe

Ҷуръати қирғизӣ ё эҳтироми ҳамсоя? Низоъи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Нисфирӯзии 25 –уми октябр дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, воқеъ дар минтақаи Хоҷа Аълои ҷамоати Чоркӯҳ, садои тирпаронӣ шунида шудааст.

Сокинони деҳаи Хоҷа Аълои шаҳри Исфара гуфтанд, ки онҳо лулаи оби ошомиданиро, ки аз замони шӯравӣ истифода мешуд, дар мавзеи Мулломалик таъмир карданӣ буданд, вале марзбонони қирғиз ба ҳаво тир кушода, монеи корашон шудаанд. Гуфта мешавад мақомоти марзбонии ду кишвар фавран ба ҷои ҳодиса омадаанд.

Хабаргузории ҳукуматии “Ховар”, аз қавли мақомоти марзбонии Тоҷикистон хабар додааст, ки 25-30 нафар сарҳадбонони қирғиз аз сокинон талаби кардаанд, ки корро дар ин мавзеъ қатъ кунанд.

Дафтари матбуотии Кумитаи марзбонии Қирғизистон навиштааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ лулаи об мекашиданд ва ба ҳушдорҳои марзбонон гуш надодаанд. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи онҳо, марзбонони қирғиз ба ҳаво тири ҳушдордиҳанда холӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол “Ховар” аз қавли дафтари марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навиштааст, ки “ин қитъа қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон аст”.

Айни ҳол корҳо дар ин минтақаи марзӣ қатъ шудааст ва намоянагони Тоҷикистону Қирғизистон дар ин масъала гуфтугӯ доранд.

Баҳси марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки идома дорад, ҳамеша баҳс байни сокинон рӯх медиҳад, ки ҳатто аз ду тараф шаҳрвандон дар ин муноқишаҳо ба ҳалокат расидаанд, вале ҷониби Тоҷикистон қурбонии бештаре доштааст.

То ба имрӯз мақомоти ду кишвар натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро пурра муайян кунанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.