18.9 C
Dushanbe

CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хост, аз таъқиби хабарнигорони Azda.tv даст бардорад

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хост, даст аз таъқиби хабарнигорони расонаи мустақили Azda.tv дар хориҷ ва пайвандонашон дар дохили кишвар бардоранд, то онҳо бидуни тарс аз фишор кор карда тавонанд.

CPJ аз қавли Муҳаммадҷон Кабиров, мудири “Azda.tv” навиштааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон пайвандони панҷ хабарнигори расонаро дар робита ба корашон борҳо даъват, бозпурсӣ ва таҳдид кардаанд. Кабиров мегӯяд, ки таъқиби аъзои хонаводаи хабарнигорон чанд сол боз идома дорад, аммо дар моҳҳои ахир шиддат гирифтааст.

Илова бар ин, чаҳор хабарнигори “Azda.tv” ҳамроҳ бо чандин рӯзноманигори тоҷики паноҳҷӯ дар рӯйхати ҷустуҷӯии Вазорати корҳои дохилии Русия, ки дар авоили соли ҷорӣ нашр шуда буд, шомиланд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ нашрияи мустақили русии “Медиазона” рӯйхати пурраи афроди таҳти пайгарди Вазорати корҳои дохилии Русияро нашр кард. CPJ мегӯяд, дар ин рӯйхат метавон номи чанд рӯзноманигори тоҷик, аз ҷумла Кабиров, Раҳматулло, Низомов ва Мағзумзода аз Azda.tv, журналистон Шарифов, Абдуманон Шералиев, Тахмина Бобохонова ва Соима Саидова аз Паём, Муҳамадикбол Садриддинов (Садурдинов), муассиси пойгоҳи Ислоҳ ТВ, инчунин рӯзноманигори мустақил ва фаъол Темур Варқӣ (Кличев) ва рӯзноманигорони помирӣ Анора Саркорова ва Рустам Ҷонӣ (Ҷониев)-ро пайдо кард.

Муҳаммадҷон Кабиров ба CPJ гуфтааст, ки “шубҳае нест, ки мақомоти Русия онҳоро бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар он ҷо ҷойгир кардаанд”.

Дар изҳороти CPJ гуфта мешавад, ки Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар пайваста Тоҷикистонро барои таъқибу саркӯби мухолифон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо танқид мекунанд ва CPJ борҳо ҳуҷҷатгузорӣ кардааст, ки чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон аз хешовандони хабарнигоронро барои кори онҳо мавриди ҳадаф қарор медиҳанд ва қасос мегиранд.

CPJ қаблан гузориш дода буд, ки чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон хешовандони рӯзноманигорони дар хориҷбуда Ҳумайрои Бахтиёр, Мирзо Салимпур ва Анора Саркороваро мавриди ҳадаф қарор додаанд. Соли гузашта мақомоти Русия бародари Шавкатҷон Шарипов, мудири хабаргузории “Паём”-ро ба Тоҷикистон истирдод карда буд ва мақомот барои интиқом аз Шарипов бародорашро бо иттиҳоми бардурӯғ дар ифротгароӣ боздошт кардаанд.

“Тоҷикистон ҳамчун яке аз бераҳмтарин омили таъқиби фаромиллӣ дар ҷаҳон эътибори нангини худро нигоҳ медорад. Даҳҳо рӯзноманигорро ба фирор аз кишвар маҷбур карда, мақомот таъқиби онҳоро идома дода, наздикони онҳоро ҳадаф қарор медиҳанд. Ҳеч рӯзноманигоре набояд ранҷи ношӣ аз донистани ин ки наздиконашро зери хатар қарор диҳад, бикашад. Мақомоти Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи бади ҷазоҳои фаромиллӣ даст бардоранд.” – гуфт Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ню Йорк.

Дар идома хонум Гулноза Саид таъкид мекунад, ки хабарнигорони паноҳҷӯ дар пахши ахбори мустақил ва муқобила бо таблиғоти Русия дар Тоҷикистон нақши муҳим доранд ва ҳукуматҳову созмонҳои рӯзноманигории ғарбӣ бояд аз онҳо пуштибонӣ кунанд.

Муҳаммадҷон Кабиров дар суҳбат бо CPJ гуфтааст, ки маъмурони пулис ва додситонҳои Тоҷикистон дар моҳҳои гузашта падар ва хусуру хушдомани ӯро борҳо ба “суҳбат” хонда, фишор овардаанд, то корашро бас кунаду бо ҳамсараш ба кишвар баргардад. Ба иттилои ӯ, падарарӯси 72-солааш пас аз як рӯзи бозпурсии такрорӣ дар тирамоҳи соли 2023 аз сактаи дил даргузашт.

Инчунин мақомоти интизомии Тоҷикистон хешовандони Фирӯзи Ҳайит, Шӯҳрати Раҳматулло, Амрулло Низомов ва Маҳмадшариф Мағзумзодаро барои фаъолияташон таъқиб ва моҳе ду се маротиба барои бозпурсӣ даъват кардаанд.

Амрулло Низомов ба CPJ гуфтааст, пулис дар моҳи сентябри соли гузашта ду бародари ӯро барои як ҳафта боздошт ва латукӯб карда, сипас ба даъвату бозпурсии онҳо идома дод. Ба бовари ӯ, ин рафтори мақомот ба кораш дар “Аздо” ва навиштаҳои танқидияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайванд дорад.

Муҳаммадҷон Кабиров ба CPJ гуфтааст, ки таъқиби аъзои хонаводаи хабарнигорон бо матолиби “Азда” дар бораи сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупо дар моҳҳои сентябр ва апрел, ки бо мавҷи густурдаи фишор болои наздикони фаъолони тоҷики муқими аврупоӣ ҳамроҳ буд, ба авҷи худ расид ва то ҳол идома дорад.

Телевизиони Azda дар соли 2019 таъсис ёфта, барномаҳояш асосан дар шабакаи “YouTube” пахш мешаванд ва торнамояш дар Тоҷикистон дастрас нест.

Агарчи мақомоти Тоҷикистон расман “Азда”-ро мисли баъзе расонаҳои дар табъқибуда “ифротӣ” ва мамнуъ эълон накардаанд, вале дар соли 2022 мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро бо иттиҳоми обуна будан ба шабакаи YouTube-и “Azda.tv” барои 7 сол равонаи зиндон кардаанд.

Кормандони телевизиони “Азда” ҳамроҳ бо даҳҳо рӯзноманигори дигар дар солҳои 2015-19 дар пасманзари саркӯбҳо дар Тоҷикистон, ки дар пайи мамнӯъ шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ин кишвар сурат гирифт, аз Тоҷикистон фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, CPJ барои гирифтани шарҳ ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон нома фиристод, аммо посух нагирифтааст ва то ҳол мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳорот вокуниш накардаанд. Аммо дар гузашта мақомоти кишвар ҳаргуна фишор болои пайвандони рӯзноманигорону мухолифонро рад мекарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналдо 900-умин голи торихиашро зад

Мунтахаби Португалия дар даври 1-уми Лигаи миллатҳо дар мавсими 2024/25 дар майдони худ бар тими Хорватия бар ҳисоби 2.1 пирӯз шуд.

Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия 50% афзоиш ёфт

Вазорати корҳои дохилии Русия 6-уми сентябри соли ҷорӣ зимни интишори гузорише аз афзоиши 50 дарсадии ихроҷи муҳоҷирон хабар дод.

Аввалин ҷоизаи давлатӣ ба Далер Назаров

Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик дар 65-солагӣ баъд аз даҳсолаҳо хунарнамоӣ дар саҳнаи ҳунар ба Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.

Эълони номзадҳо барои ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҷаҳонро дар ҳайрат монд

Пас аз эълони номзадҳо аз ҷониби "France Football" барои дарёти ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" расонаҳои ҷаҳон мепурсанд, "Кӣ Лионел Мессиро иваз мекунад?"