Ба гуфтаи ин манбаи Azda.tv мақомоти Русия як раванди фишороварӣ болои муҳоҷиронро рӯй даст гирифтаанд.
“Тибқи баъзе хабарҳо бояд Русия марзҳояшро ба рӯйи шаҳрвандони дигар кишварҳо боз кунад, аммо бо Тоҷикистону Узбекистон боз карданӣ нест”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Бино ба иттилои сарчашмаҳои ғайрирасмӣ, Русия мехоҳад барои шаҳрвандони Тоҷикистон як навъ раводиди сабукеро ҷорӣ кунад. Яъне шаҳрванди Тоҷикистон вақте мехоҳад ба Русия сафар кунад, пас аз расидан дар марзи Русия метавонад аз фурудгоҳ ё марзҳои дигар он раводидро дарёфт кунад.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо Вазорати дохилаи Русия як барномаеро матраҳ карданист, ки масъалаи раводид ва як навъ андози иловагиеро барои муҳоҷирон пешбинӣ мекунад. “Дар сурати амалӣ шудани ин барнома воқеан мушкилоти муҳоҷирон чанд баробар меафзояд”,- мегӯяд муҳоҷир.
Аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар бозори “Теплый Стан” муноқишаи муҳоҷирони тоҷик бо нигаҳбонони бозор сар зада буд, ки дар натиҷа пулиси ҳамон минтақа даҳҳо тоҷикро боздошту шиканҷа кард. Дар шарҳи хабар гуфта мешуд, як муҳоҷири тоҷик бо нигаҳбони бозор муноқиша намудааст, ки дар натиҷа нигаҳбони бозор фарзанди худро, ки корманди мақомот будааст, даъват намуда ва ӯ муҳоҷири тоҷикро дастбаста вориди мошин намуда лату кӯб кардааст. Ба ин ҳодиса муҳоҷирони дигари тоҷик вокуниш нишон дода ин муҳоҷирро аз дасти пулис раҳо мекунанд ва байни пулису муҳоҷирон ҷанҷолу кашмакаш мешавад.
Он замон Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дар муроҷиати видеоие аз мақомоти дипломатии Тоҷикистон талаб намуда буд, ки ҳарчи сареъ ҳодисаро пайгирӣ кунанд, чун аксари муҳоҷирони тоҷик ҷойҳои кори худро тарк намуда ба ҷойҳои номаълум паноҳ бурдаанд. Ба гуфтаи ӯ, бетаваҷҷуҳӣ ва мудохила накардани мақомоти дипломатии Тоҷикистон ба ин қазия авоқиби хубе надорад. Вале вобаста ба ин қазия ҳеч хабаре аз мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар Русия расонаӣ нашуд.