Дар ҳоле мақомот аз кушта шудани 41 ғайринизомӣ хабар медиҳад, ки чанде пеш Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ номи 84 ғайринизомӣ ва нерӯҳои амниятиро бо аксу баъзе тафсилоти дигар нашр кард, ки дар ин муноқиша кушта шудаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон шумораи қурбониён аз ин ҳам бештар аст.
Ҷониби Қирғизистон аз марги 63 нафар ва маҷруҳ шудани даҳҳо тани дигар хабар дода буд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва то кунун бештар аз 500 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.
Аксар муноқишаҳои марзӣ дар минтақаҳои номуайяншуда сурат мегиранд, ки то кунун боиси марги даҳҳо нафар аз ду тараф гашта ва харобиҳои бешуморе ба ҷо гузоштааст.