5.9 C
Dushanbe

Дар “дебати сол” чиҳо гуфта шуд?

Сурат: видеои Радиои Озодӣ

Рӯзи 7 октябр дебати Муҳиддин Кабирӣ раиси ПМТ ва Додоҷон Атовуллоев раиси ҷунбиши Ватандор баргузор гардид. Ин дебатро Радиои Озодӣ баргузор намуда, имрӯз 8 октябр аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Радиои Озодӣ пахш гардид. Ин сӯҳбат зери унвони: “Чаро мухолифон муттаҳид нестанд?” омода гардида буд.

Дар аввал аз иштирок кунандагони баҳс, муҷрии барнома Мирзонабии Холиқзод дар бораи интихоботи дар пеш истода пурсид. Дар посух Додоҷон Атовуллоев, интихоботро саҳнаҳосозие беш надонист. Ӯ хост, ки бештар дар бораи мухолифат ва мухолифини тоҷик гап зананд.

Кабирӣ низ интихоботи дар пеш истодаро ҳам ғайри демократӣ ва ҳам ғайриқонунӣ хонд. Президентии ояндае сари кор меояд, президенти амалкунанда аст на президентӣ мардумӣ қайд кард раҳбари ПМТ.

Ба суоли оне, ки ҳарду ҷониб ҷараёни интихоботро танқид карданд, пас мешавад гуфт, ки ҳарду дар як мавқеъ ҳастед?

Атовуллоев дар посух ба ин суол гуфт, ки бале дар ин масъала мо дар як мавқеъ ҳастем. Аммо масъалаи муҳим он аст, ки моҳам дар қатори ҳукумат масъул ва ҷавобгу ва ҳатто гунаҳкор ҳастем дар он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад.

Раҳбари ПМТ ҳам гуфт, бо он нафароне, ки ҳукумати диктаториро қабул надоранд мо дар як ҷабҳа ҳастем ва ҳамақидаем. Муҳиддин Кабирӣ қайд кард, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳадди масъулияти худаш гунаҳкор аст.

Аз иштироккунандагони баҳс аз иллати парокандагии мухолифин пурсида шуд. Атовуллоев дар посух ба ин суол Кабириро рақиби худ хонд ва гуфт, ки то соли 2015 ва омадани наҳзатиён ба Аврупо дар байни мухолифин мушкиле вуҷуд надошт. Ва ӯ интизор доштааст, ки баъди омадани наҳзатиён эътилоф месохтаанд.

Кабирӣ дар посух гуфт, ки худро рақиби Додоҷон намедонад ва ӯ танҳо як рақиб дорад он ҳам “диктаторе ки дар Тоҷикистон” аст. Ӯ қайд кард, ки ҳама мухолифон аз дасти ҳамон диктатор гурехтаанд ва бояд ҳама якҷо зидди Раҳмонов мубориза баранд. Аммо омадан ба Аврупо ва дар инҷо дар афтодан ба якдигар кори дуруст нест, қайд кард Кабирӣ. Дар афтодан ба якдигарро кори дасти ҳукумат хонд ва гуфт агар кори дасти ҳукумат ҳам набошад ягон масъалаи шахсӣ аст.

Ба суоли муҷрии барнома, ки чаро 3 соли пеш Додоҷон Атовуллоев ба Шумо ва ба Паймон напайваст? Кабирӣ гуфт, дари Паймон барои ҳама боз аст ҳар касе мехоҳад ба он пайвандад.

Атовуллоев ҲНИТ-ро ба он муттаҳам кард, ки аз ҷониби сипоҳи постдорони Эрон идора мешавад, вале Кабирӣ дар посух бо қеотеият онро рад кард ва гуфт, ки агар Сипоҳи посдорони Эрон ё ягон кишвари дигар аз наҳзат пуштибонӣ мекард, наҳзат дар ин ҳолат набуд ва Раҳмон сулҳро намешикаст.

Дар бораи напайвастани Додоҷони Атовуллоҳ ва дигар шахсиятҳо ба ПМТ Кабирӣ гуфт, ки шарт нест ба Паймон ҳамроҳ шавед, агар метавонед худ ҳизби худро кушоед мубориза баред ва исбот кунед, ки беҳтар ҳастед. Барои он, ки ба мақсад бирасед шарт нест Кабириро бизанед.

Додоҷон Атовуллоев гуфт, дар баробари наҳзати ҳозира ба ҳукумат бартарӣ медиҳад.

Кабирӣ дар хусуси пешниҳоди музокира гуфт, чандин маротиба ба мо пешниҳоди гуфтушунид шуд ва мо шартҳои худро гуфтем, то вақте бародани мо дар зиндон ҳастанд мо сари музокира намешинем ва ҳайати гуфтушуниди мо дар дохили зиндон аст.

Атовуллоев аз он интиқод кард, ки Кабирӣ ва намояндагони ҲНИТ ӯро бадгӯӣ ва санг мезананд. Роҳбари ПМТ дар посух ба ин иддао гуфт, нафароне, ки ин суханҳоро мегӯянд ҳадди ақал як далел биёранд. Вале Атовуллоев далеле наовард.

Кабирӣ дар баробари гуфтаҳои Додоҷон Атовуллоев гуфт, ман аз номи ҲНИТ ва Паймон аз ҳама нафароне, ки эҳсоси таҳқиршуданро кардаанд, чи он гуфтаҳо ҳақиқат доштанд ё на ва фикр мекуунанд он аз номи тарафдорони Паймон ва ҲНИТ гуфта шудааст, узр мепурсам.

Вале аз худи Додоҷон хост барои таҳқирҳояш ӯзр пурсад, аммо ӯ узрхоҳӣ накард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.