Дар як муноқиша муҳоҷири тоҷик аз манаҳаш тир хӯрдааст

Пойгоҳи хабарии “Самарское обозрение” хабар додааст, ки дар як анбори   меваву сабзавоти №3 (овощебаза №3)-и шаҳри Самараи Русия, шаҳрванди Ҷумҳури Тоҷикистон бо номи Масъудов ва Левонян зодаи Арманистон муноқиша рӯх додааст.

Ба навиштаи ин пойгоҳи хабарӣ шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ Масъудов ном мебарад, 28 сол дошта ва шаҳрванди Арманистон Левонян 51-сола буда, шаҳрвандии Русияро доштааст.

“Самарское обозрение” навиштааст, Масъудов аз тарафи манаҳаш тир хӯрда Левонянро бо аломатҳои ҷунбиши мағзи сар ба беморхона интиқол додаанд.

Як пистолети травматикии тамғаи «Макарыч»-и қутраш 9 миллиметр аз ҷойи ҳодиса пайдо гардидааст, ки ба Левонян тааллуқ доштааст.

Дар Русия тарҳи қонуни наверо баррасӣ доранд, ки тибқи он муҳоҷироне, ки ба ин кишвар барои кор мераванд, пеш аз корро оғоз кардан андоз пардохт мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.