Дар марзи Узбекистон аз як қатора 172,5 кило маводди мухаддир пайдо карданд
Акс: Интернет Дар як қатораи боркаши роҳи оҳани Сариосиё, мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии Узбекистон миқдори зиёди маводи мухаддирро ёфт ва мусодира карданд. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии ин кишвар дар посгоҳи гумрукии истгоҳи роҳи оҳани Сариосиё дар марзи вилояти Сурхондарёи Узбекистон бо Тоҷикистон аз махфигоҳҳо […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Дар як қатораи боркаши роҳи оҳани Сариосиё, мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии Узбекистон миқдори зиёди маводи мухаддирро ёфт ва мусодира карданд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии ин кишвар дар посгоҳи гумрукии истгоҳи роҳи оҳани Сариосиё дар марзи вилояти Сурхондарёи Узбекистон бо Тоҷикистон аз махфигоҳҳо дар як қатори боркаш, ки «аз кишвари ҳамсоя тариқи транзит тавассути Узбекистон ҳаракат мекард», 172,5 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд.
Гуфта шудааст, ки дар зери яке аз вагонҳо бастаҳои махфишударо пайдо карданд, ки аз дохили онҳо наздики 12 кило ҳероин, 2,6 кило ҳашиш ва беш аз 81 кило шираи бангдона ёфт ва мусодира карда шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки барои пурра муайян намудан қатораро ба истгоҳи Дарбанди ноҳияи Бойсун бурданд, ҳангоми гузаронидани тафтиши иловагӣ аз зери як вагони дигар боз як қатор ашёи пинҳонкардаро ошкор кардаанд, ки беш аз 30 кило ҳашиш ва наздики 46 кило равғани ҳашиш пайдо гардидааст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.