14.9 C
Dushanbe

Коҳиши истеҳсолот дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон

Ниҳодҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 243 миллион сомонӣ (23,7 млн доллар) маҳсулот истеҳсол карданд.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар ин муддат аз панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ танҳо дар дутои он – “Суғд” ва “Данғара” маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Аз 30 ниҳоди дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба қайд гирифташуда, танҳо 13-тои он фаъолият мекунад, ки дар 7 моҳ ба маблағи 208,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 11 ниҳод фаъолият дошта, дар ин муддат ба маблағи зиёда аз 34,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Дар дигар минқатаҳо истеҳсолот ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмуъ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Данғара, Панҷ, Суғд, Ишкошим, Кӯлоб 60 ниҳод ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон андоз аз даромад, андоз аз истифодабарандагони роҳ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фурӯши пахта ва алюминии аввалия, андоз аз захираҳои табиӣ, аксизҳо, андозҳо аз воситаҳои нақлиёт, амволи ғайриманқул ва боҷҳои гумрукӣ барои содироти маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ба сифр фоиз баробар аст.

Аз 10 навъи андозе, ки Кодекси андози кишвар пешбинӣ кардааст, ниҳодҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо андози иҷтимоӣ (25%) ба Фонди музди меҳнат ва андоз аз даромад (8% – 13%), ки аз музди меҳнати корманд нигоҳ дошта мешавад, пардохт мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.