Дар пайи ҳамлаи Ҳусиҳои Яман ба АМА нархи нафт гаронтар шуд

Бар асари ҳамлаҳои ахири нерӯҳои “Ансоруллоҳ”-и Яман ба Амороти Муттаҳидаи Араб нархи нафти наъви “

Нерӯҳои “Ансоруллоҳ-“и Яман субҳи дирӯз, 17-умин январ ба чанд нуқта дар Амороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла фурӯдгоҳҳои байналмилалии Абузабӣ ва Дубай, 3 нафткаш ва минтақаи саноатӣ-тиҷоратии “Алмусаффаҳ” дар Абузабӣ бо 5 мушаки боллистикӣ ва чанд паҳдоди ҳарбӣ ҳамла карданд.

Нархи як бушка нафти хом, ки то дирӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба қимати то 85 доллари амрикоӣ фурӯхта мешуд, пас аз ин ҳамлаҳо ба Амороти Муттаҳидаи Араб, яке аз кишварҳои содиркунандаи нафт ба таври камсобиқа лаҳза ба лаҳза гаронтар шуд ва субҳи имрӯз як бушка аз ин навъи нафти хом дар биржаҳои ҷаҳонӣ бо қимати 88 доллару 08 сент ба фурӯш рафт.

Дар баробари қиматтар шудани нархи навъи нафти Brent навъи дигари он ҳам нархаш зиёдтар шуда, як бушка нафти хоми навъи WTI ҳам дар биржаҳои ҷаҳонӣ субҳи имрӯз бо қимати 85 доллару 08 сент фурӯхта шуд.

Гуфта мешавад, дар соли 2020 ва нимаи аввали соли 2021 замони ҳамагир шудани коронавирус нафт дар дунё харидори камтаре дошт, ва ба ин хотир нархи он дар биржаҳои ҷаҳонӣ хеле арзон шуда буд, аммо аз нимаи дуюуми соли гузашта то кунун қимати нафт ҳамеша тағйирёбанда буд, дар аксар маврид дар ҳоли гаронтар шудан будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.