Дар Русия аввалин воксинаи зидди вируси COVID-19 дар дорухонаҳо пайдо шуд

Бино ба иттилои Радио Спутники Русия дорухонаҳои ин кишвар аллакай шурӯъ аз рӯзи душанб ба фурӯши аввалин доруи коронавирус дар ҷаҳон бо номи “Арепливир” оғоз кардаанд. Дар хусуси арзиши ин дору гуфта мешавад, ки як бастаи 40 ҳаббадори 200 мг-а 12 320 рубл аст.

Раиси Шӯрои мудирони ширкати таҳиякунандаи дорусозии “Промомед” Пётр Белый гуфтааст, ин дору дар навъи худ “арзонтарин дар ҷаҳон” мебошад,  вале нархи баланд доштани ин аввалин воксинаро ба он робт дод, ки ин дору ҳаёти инсонро наҷот медиҳад.

Бино ба гузориши манбаъ, доруи “Алепривир” барои каронавирус танҳо бо дорухати пизишкон дода мешавад, ҳеч кас беиҷозат ва бе дорухати табиб онро харидорӣ карда наметавонад.

Гуфта мешавад, “Арепливир” дар заминаи доруи “Фавипиравир” сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки расонаҳои русӣ 11 август хабар дода буданд, ки кишвари Русия дар ҷаҳон аввалин шуда ба ваксинаи зидди вируси COVID-19 даст ёфт. Аммо баъзе кишварҳо ва созмонҳои тандурустӣ ба фаъол будани он шубҳа карда буданд. Пас аз интишори хабари мазкур аксари давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон барои харидории аз ин воксин бо мақомоти Русия гуфтугӯ карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...

Аз 1-уми сентябр қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия сахттар мешаванд

Аз 1-уми сентябри соли 2026 дар Русия чанд қонуни наве ба иҷро медароянд, ки назорат аз болои муҳоҷирон сахттар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон писараш Рустами Эмомалиро бо ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ писараш Рустами Эмомалиро бо ордени дараҷаи якуми Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард.

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар то 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Муҳоҷират чӣ?

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар солҳои аввали истиқлол то 19 дарсад дар соли 2025 коҳиш ёфтааст.