Вазорати корҳои дохилии ФР мехоҳад барои муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, патентҳои электронӣ ҷорӣ кунад. Ин корт бо интиқолдиҳандаи электронии маълумот хоҳад буд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии ВКД-и Русия хабар дод.
Бино ба иттилои ТАСС омодасозии заминаи ҳуқуқӣ оид ба ин масъала аллакай шурӯъ шудааст. Гуфта мешавад, ки Маскав аввалин шаҳри Русия хоҳад буд, ки муҳоҷирон барои кор, патенти электронӣ хоҳанд гирифт. Барои ин ба Вазорати корҳои дохилӣ лозим аст, ки аввал бо ҳукумати шаҳри Маскав шартнома бандад.
Ёдовар мешавем, Вазорати корҳои дохилии Русия мӯҳлати будубоши муҳоҷиронро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар қарор доранд, тамдид мекунад. Барои ин шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба шӯъбаи мақомот муроҷиат кунанд.