Русия муҳоҷирони кориро аз ҳисоби шаҳрвандони Ҳиндустону Бангладеш бештар карда, ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ихроҷ кардааст.
Тавре нашрияи The Moscow Times бо такя ба малумоти Вазорати корҳои дохилии Русия хабар медиҳад, мақомоти ин кишвар соли 2025 нисбат ба солҳои пешин аз ҳама бештар ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи корӣ додаанд. Шумори умумии иҷозатномаҳои корӣ дар соли гузашта ба 240 ҳазор расидааст, ки мақомот инро баландтарин нишондиҳанда аз соли 2017 ба ин сӯ мегӯянд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия дар соли 2025 ихроҷи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро ба маротиб бештар карданд. Вале танҳо дар ҳамин сол 56,5 ҳазор шаҳрванди Ҳиндустон ва 9,3 ҳазор шаҳрванди Бангладеш ба Русия барои кор даъват шудаанд.
Мақомоти ВКД-и Русия дар ин омори худ гуфта, ки шумораи иҷозатномаҳои корӣ барои шаҳрвандони Туркманистон беш аз 2,5 маротиба (то 25 ҳазор), барои шаҳрвандони Узбекистон панҷ маротиба (то 2,3 ҳазор) ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон қариб се маротиба (то 263) афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин шумораи шаҳрвандони Чин, ки иҷозати кор дар Русияро гирифтаанд, ба 92 ҳазор нафар расидааст.
Коршиносон сабаби асосии ҷалби зиёди қувваи корӣ аз кишварҳои Ҳиндустону Бангдалешро ба норасоии шадиди қувваи корӣ дар Русия рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ин мушкилӣ дар натиҷаи ҷанги Русия алайҳи Украина ба вуҷуд омадааст.
Гуфта мешавад, ҷалби зиёда аз як миллион нафар ба хидмати шартномавӣ дар артиши Русия ва инчунин муҳоҷирати густурдаи аҳолии қобили кор (аз 600 ҳазор то беш аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳанд) ба дигар кишварҳо, холигиеро дар бозори кори Русия ба вуҷуд овардааст, ки онро бо захираҳои дохилӣ пур кардан ғайриимкон аст.
Вазорати меҳнати Русия гуфта, ки кишвараш дар соли 2026 ҳудуди 280 ҳазор нерӯи кор дар соҳаҳои гуногун ниёз дорад ва аллакай нақшаи афзоиши квота барои ҷалби муҳоҷирон дар соли ҷорӣ омада кардааст. Ин ниҳод гуфта, ки бозори кори худро на аз ҳисоби муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки аз ҳисоби шаҳрвандони Ҳиндустон, Бангладеш, Малайзия, Чин ва кишварҳои африқоӣ пур хоҳад кард.
Аммо бар асоси арзёбии Мактаби олии иқтисодии Русия, бозори кори ин кишвар ба 2,6 миллион коргар эҳтиёҷ дорад ва то соли 2030 ин камбудӣ метавонад аз 3 миллион нафар зиёд шавад.
Коршиносн, ҷалби муҳоҷирон аз дигар кишварҳоро ба Русия тағйири стратегияи муҳоҷирати Маскав арзёбӣ мекунанд. Аммо ба назари худи муҳоҷирони тоҷик, солҳои охир кору зиндагӣ дар ин кишвар то рафт душвор шудан гирифт ва муҳоҷирон аз оддитарин ҳуқуқ маҳрум шуданд. Вале пас аз ихроҷ аз Русия ҳоло баъзеи онҳо дар дохили Тоҷикистон кору фаъолият намуда, бархе дигар ба кишварҳои аврупоӣ сафар кардаанд.
