8.9 C
Dushanbe

Дар Русия назорат болои муҳоҷирон сахттар мешавад

Мақомоти Русия назорат болои муҳоҷирон, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро сахттар мекунад.

Тибқи қарори нави Ҳукумати Федератсияи Русия, аз 30-юми июни соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки тибқи низоми бидуни раводид ба Русия меоянд, бояд ҳатман тавассути барномаи мобилии “Госуслуги RuID” аз қайди пешакӣ гузаранд.

Гуфта мешавад, муҳоҷир бояд на дертар аз 72 соат ва дар ҳолатҳои фавқулода 4 соат пеш аз расидан ба қаламрави Русия, дар ин барномаи мобилӣ маълумоти шахсӣ, санаҳои воридшавӣ ва хориҷшавиашонро ворид намуда, барои тасдиқ дархости онлайнӣ фиристанд. Пас аз тасдиқ, ба шаҳрванди хориҷӣ “QR-код” дода мешавад, ки бе он гузаштан аз назорати сарҳадӣ, ба истиснои шаҳрвандони Беларус, кӯдакони то шашсола ва шахсоне, ки раводид, иҷозаи иқомати доимӣ ё муваққатӣ доранд, имконнопазир хоҳад буд.

Ҳамзамон аз 30-юми июни соли 2025 дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ гирифтани маълумоти ҳатмии биометрӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ оғоз мешавад.

Вале ин танҳо ягона қонун барои сахттар кардани назорат аз болои муҳоҷирон набуда, мақомоти Русия аз 1-уми сентябри соли 2025 дар Маскав ва вилояти Маскав дар мавриди “назорати ҷойгиршавии хориҷиён тавассути барномаи мобилӣ”-ро озмоиш мегузаронанд.

Дар ин сурат, Вазорати корҳои дохилӣ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки макони будубоши хориҷиёнро дар ҳудуди Русия ба ҷуз меҳмонхонаву бемерхона назорат намоянд. Агар дар давоми се рӯз ягон сигнал ё маълумот дар бораи макони будубоши шахс ворид нашавад, муҳоҷир аз қайди муҳоҷиратӣ хориҷ карда мешавад ва ин метавонад боиси маҳдудиятҳо дар будубош ё ҳатто сабаби ихроҷ гардад.

Бояд гуфт, давоми як соли ахир дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Инчунин дар ин муддат фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор карда истодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кордзанӣ байни хонандагон мақомоти Кӯлобро нигарон кардааст

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон 23-юми январ ба хотири пешгирӣ аз муноқишаҳои ҳалокатбори хонандогон дар шаҳри Кӯлоб "Рӯзи мактаб" баргузор кард.

Тоҷикистон шомили даҳгона кишварҳое шуд, ки рӯзноманигоронро зиндонӣ кардаанд

Тибқи гузориши Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) то...

Бештари асирони ҳарбӣ аз Осиёи Марказӣ дар Украина зодагони Тоҷикистонанд

Дар Украина беш аз сад зода ва шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асорат қарор доранд, ки қисми зиёди онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар Русия муҳоҷирони Ҳиндустон ва Бангладеш ҷои тоҷикону узбеконро пур мекунанд?

Русия муҳоҷирони кориро аз ҳисоби шаҳрвандони Ҳиндустону Бангладеш бештар карда, ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ихроҷ кардааст.