Дар соли гузашта беш аз 1,5 миллард кВт/С нерӯи барқ ба хориҷ содир шудааст

Ширкати “Барқи тоҷик” дар соли гузашта ба хориҷи кишвар 1 млрду 536,8 млн кВт/С нерӯи барқ содир кардааст. “Азия-Плюс” ношири хабар аз қавли масъулони ин ширкат менависад, ки ин миқдор нерӯи содиротӣ нисбат ба як соли пеш хеле кам аст.

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфта, ки онҳо аз соли 2019 ба хориҷ 1 млрду 399,8 млн кВт/С барқ кам содир кардаанд, ки ин барои ширкат 38,4 миллион сомонӣ зарар овардааст. Ин гуфтаҳоро Исмоилзода дар нишасти хабарии ниҳодаш ироа кард.

“Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ширкати “Барқи тоҷик” 15 млрд, 248,4 млн кВт/С-ро ташкил дод, ки ин назар ба соли гузашта 215,6 млн.кВт-соат кам мебошад. Сабаби ин маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам гардидани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин ғайриимкон гардидани ҳаҷми пешбинишудаи содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар мебошад”,-гуфт Исмоилзода.

Дар умум соли 2020 “Барқи тоҷик” дар бозори дохилӣ ба маблағи 3 млрду 414,1 млн сомонӣ нерӯи барқ фурӯхтааст, ки назар ба соли 2019 388,7 млн сомонӣ зиёд аст.

Ширкати “Барқи тоҷик” солҳост, ки дар буҳрони қарзӣ гирифтор шудааст. Масъулони ширкат ин гирифториҳои молии худро ба пардохт нашудани маблағи нерӯи барқ аз ҷониби сокинон медонанд. Аммо аҳолии кишвар мегӯянд, ҳамеша маблағи барқро сари вақт пардохт мекунанд, бо вуҷуди он солҳост, ки аз норасои нерӯи барқ ранҷ мебаранд.

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, мардуми тоҷик қимати барқро 4 маротиба бештар аз арзиши муайяншуда пардохт мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ширкати “Барқи тоҷик” иддао пеш меоварад, ки барқ дар Тоҷикистон арзон аст, аммо дар асл чунин нест.

Ба назари ин таҳлилгар, агарчи мақомот арзиши барқро 22,66 дирам муайян кардаанд, вале мардум то 1 сомонӣ пардохт мекунанд. Ин таҳлилгар мегӯяд, дар асл “Барқи тоҷик” ҳар сол 350-400 миллион доллар “зарар” мебинад, ки он бо қурби ҳозира ба 4-4,5 миллиард сомонӣ баробар аст.

“Аҳолӣ ҳудуди 30 дарсади қимати барқро масраф мекунад. Яъне ҳудуди 6 миллиард кВт/С ва барои ҳар киловати он 22,66 дирам пардохт менамояд. Аммо нохоставу надониста 4 миллиард сомонӣ зарари “Барқи тоҷик”  ё қимати 18 миллиард кВт/С барқро низ мепардозад. Дар натиҷа ба ҷои 6 миллиард кВ/с пули 24 миллиард кВт/С аз ӯ рӯёнида мешавад ва ҳар киловатт барқи масрафкардааш ҳудуди як сомонӣ тамом мешавад”,-гуфт Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ.

Қисме аз ин зарарҳо аз ҳисоби буҷа пӯшонида мешавад ва қисме ба қарзи ин ширкати монополистӣ зам мешавад, ки ҳоло аз 30 миллиард сомонӣ убур кардааст. Мутмаинан, ҳама ин қарзҳо рӯзе аз ҳисоби буҷаи давлат пардохт хоҳад шуд. Роҳи дигаре вуҷуд надорад. Зарари яксолааш 4 миллиард сомонӣ аст. Ин 4 миллиард қимати тақрибан 18 миллиард кВт/С қувваи барқ аст, ки ин ҳамон миқдори барқест дар кишвар истеҳсол мешавад.

“Барқи тоҷик” фасодзадатарин ва қарздортарин ширкати монополист, ки соҳаи барқи кишварро пурра дар ихтиёр дорад. Қарзи ин ширкат ба беш аз 2,5 миллиард доллар мерасад ва он солҳост наметавонад худкифо шавад. Амонуллои Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон арсаи фурӯшу таъминоти ин ширкатро бар ӯҳда дорад ва ба гӯфтаи огаҳони умур солҳост, ки дар ин ширкат ҳарфи аввалу охирро ӯ мезанад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.