Дар Тоҷикистон қимати андозу ҷарима боз боло меравад

Соли оянда дар Тоҷикистон нишондиҳанда барои ҳисобҳо 4 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар матни қонуни “Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024” гуфта шудааст. 

Дар ҳоли ҳозир як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ буда, дар соли 2024 он ба 72 сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Ин нишондиҳанда мувофиқи қонун “Дар бораи нишондиҳандаҳои ҳисобҳо” бо назардошти беқурбшавии пул боло бурда мешавад.

Гуфта мешавад, бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, андоз, боҷ, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ёрӣ ба камбизоатҳо афзоиш меёбад.

Гуфта мешавад, ҳаҷми пардохти хидмати ҳарбии пулакӣ низ тағйир ёфта, ҷавонон ба ҷойи 51 ҳазор, беш аз 54 ҳазор сомонӣ пардохт хоҳанд кард.

Инчунин маблағи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо низ боло рафта, соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31 декабри соли 2004, 4 ҳазору 680 сомонӣ пардохт мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ин маблағ 4 ҳазору 420 сомониро ташкил медиҳад.

Соҳибони мошинҳои сохти соли 2005 ва баъди он, ки ҳоло барои сиёҳ кардани шишаҳои мошинашон 5 ҳазору 712 сомонӣ месупоранд, аз соли оянда 6 ҳазору 48 сомонӣ пардохт хоҳанд кард.

Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба ва аз соли 2019 то 2024 ҳар сол зиёд мешавад.

Дар солҳои 2015-2016 як нишондиҳанда барои ҳисоб 40 сомонӣ, солҳои 2017-2018 – 50 сомонӣ, соли 2019 – 55 сомонӣ, соли 2020 – 58 сомонӣ, соли 2021 – 60 сомонӣ ва соли 2022 – 64 сомонӣ буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.