Дар Тоҷикистон воридоти мошинҳои аз соли 2013 поён мамнуъ шуд

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми августи соли 2023 бо имзои як қарор воридоти мошинҳои соли тавлидашон аз 2013 поёнро мамнуъ эълон кард.

Дар қарори раисҷумҳур, ки худи ҳамин рӯз ба имзо расидааст, гуфта мешавад, “Воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 манъ карда шавад.“

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки назорат, сабти гумрукӣ ва бақайдгирии мошинҳои воридшавандаро бо қарори мазкур мутобиқ созанд.

Раиси ҳукумати кишвар ин қарори худро бо моддаҳои 14 (Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 57 (Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ)-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок кардааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки “қарори мазкур пас аз ду моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.“

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2018 бо чунин қароре воридоти мошинҳои соли тавлидашон то соли 2005-ро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон карда буд. Ва ҳоло ин қарор низ бекор шуда, то соли 2013 мамнуъ эълон гардид.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки аз ин ба баъд нархи мошинҳо дар кишвар гаронтар мешавад ва ин хоҳ нохоҳ ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.