3.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистони сероб, сокинон оби нӯшиданиро аз борон ҷамъ мекунанд

Сокинони бархе деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон солҳост аз норасоии оби ошомиданӣ ранҷ мекашанд, вале касе аз масъулин барои рафъи мушкилоти онҳо талош намекунад.

Дафтари Осиёи Марказӣ оид ба гузоришҳои таҳлилӣ (CABAR.asia) дар гузориши ахире, ки 15-уми январи соли ҷорӣ нашр кардааст, мегӯяд, сокинони деҳаи Лолазори ноҳияи Вахши вилояти Хатлон солҳост аз норасоии ҷиддии оби тоза ранҷ мекашанд.

Деҳаи Лолазор дар теппаҳои ноҳияи Вахш ҷойгир аст ва 140 километр дуртар аз Душанбе қарор дорад. Ин деҳа тобеи ҷамоати деҳоти Машъал буда, дар байни се ноҳияи вилояти Хатлон: Вахш, Кӯшониён ва Данғара ҷойгир аст.

Деҳаи Лолазор, ки 10 сол пеш тақрибан 40 оила дар он зиндагӣ мекард, ҳоло ҷамъияти он ба 80 оила афзоиш ёфта, шумораи аҳолии ин деҳа ҳар сол зиёдтар мешавад.

Аҳолии деҳа мегӯянд, ки бо зиёд шудани сокинон мушкили норасоии об шадидтар мешавад ва об барои нӯшиданӣ ва кишоварзӣ вуҷуд надорад.

Давлат Ғафуров, сокини 75-солаи ин деҳа мегӯяд, онҳо солҳо боз оби тоза барои нӯшидан ва дигар ниёзҳояшон надоранд. “Мардум оби борон ва оби барфро ҷамъоварӣ мекунанд ва ба сабаби нокофӣ будани оби ҷамъкардашуда боз чор тонна оби нӯшокиро ба 150 сомонӣ (тақрибан 15 доллари ИМА) мехаранд.” – мегӯяд ин сокини деҳаи Лолазор.

Ӯ дар идома мегӯяд, ки ҳосилнокии маҳсулот низ аз миқдори боришот вобаста аст.

Гуфта мешавад, аҳолии деҳа дар мавсимҳои боронӣ ва боридани барф обро барои истифода дар давоми сол ҷамъ мекунанд.

Як сокини дигари ҳамин деҳа бо номи Анвар мегӯяд, ки дар замони шӯравӣ дар деҳа об буд ва мардум аз ин ҷиҳат камбуд надоштанд. “Об аз дарёи Вахш тавассути қубурҳои обгузар оварда мешуд. Аммо ҳоло ин қубурҳо фарсуда ва баста шудаанд ва аз онҳо об намегузарад.”

Ҳамзамон дар робита ба мушкилоти камобӣ хонум Давлатмоҳ, сокини 67-солаи деҳаи Лолазор мегӯяд, ба далели набуди об маҷбуранд онро дар ҳама кор сарфаҷӯӣ кунанд.

“Мо обро дар ҳама чиз, ҳатто дар шустани дасту рӯй ва либос сарфа мекунем. Агар об набошад, мехарем. Бо оби харидашуда ва кам чӣ гуна бемалол худро шустшӯ кардан мумкин аст? Мо худамон оббозӣ мекунем, вале дар шустани либосҳоямон хеле обро кам масраф мекунем. Оби барф ва оби боронро дар чолаҳо ҷамъ мекунем, аммо ин кифоят намекунад”, – мегӯяд ӯ.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ба гузоришгарони “CABAR.asia” дар робита ба камбуди об дар деҳаи Лолазор гуфта, ки норасоии об на танҳо дар ин деҳа, балки дар аксари ноҳияҳои ин вилоят вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои бой аз ҳисоби оби тоза аст, ки дорои беш аз 900 дарё, 20 кӯл ва 9550 пирях мебошад. Тавре оморҳо нишон медиҳанд, Тоҷикистон беш аз 65% захираҳои оби тозаи Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад ва дар байни ин кишварҳо аз нигоҳи дорои сарчашмаҳои оби тоза ҷои аввалро ишғол мекунад. Ва аммо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷузъи даҳгона кишварҳои дунёст, ки оби тоза ва қобилӣ ошомиданиро дорад. Вале бо вуҷуди ин, сокинон дар аксар навоҳии дурдасти кишвар ҳанӯз аз камбуди об ранҷ мекашанд ва барои нӯшидан аз барфу борон об ҷамъ мекунанд ва ё онро мехаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тошиев: Созишномаи баҳсҳои марзӣ ба зудӣ аз ҷониби президентҳо имзо мешавад

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созишнома дар бораи муайянсозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷашни Наврӯз аз ҷониби президентҳо ба имзо мерасад.

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Санкт-Петербург

Дар соли 2024 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.

Кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина

Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, дар ҷанги Русияву Украина ҳудиди 1000 сарбози Кореяи Шимолӣ, ки дар сафи артиши Русия меҷангиданд, кушта шудаанд.

Ҳамлаи шадиди Исроил ба Ҷанин

Расонаҳои фаластинӣ мегӯянд, ки режими Исроил баъди эълони оташбас дар Ғазза ҷангро ба Каронаи Бохтарӣ ва ба дохили Фаластин интиқол додааст.