14.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории Covid-19 зиёд шудааст

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории Covid-19 зиёд шудааст. Дар ин бора “Sputnik” бо такя ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи Вазорати тандуристӣ рӯзи 15 сентябр дар Тоҷикистон 43 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 1 ҳолати марг сабт шудааст.

Ба иттилои сомонаҳои расмӣ, аз 30 апрел то 15 сентябр дар Тоҷикистон 9129 ҳолати гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб 86,4% беморон ё 7896 нафар шифо ёфта, 73 нафар фавтидааст.

Ба гузориши СММ, коҳиш ёфтани гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон, далелаш метавонад “камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар” бошад, ки ин далелро Вазорати тандурустӣ рад намуда, таъкид намудааст, ки тавони кофии ташхис дар Тоҷикистон фароҳам аст.

Коршиносон ба омори расмии Вазорати тандурустӣ бовар надоранд. Ба назари онҳо шумораи гирифторон ва фавтидагон аз бемории сироятии коронавирус бештар аз онест, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд.

Пештар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо роҳандозии як сомонаи махсус бо номи “kvtj.ifo” барои ҷамъоварии омори дурусти COVID-19 дар Тоҷикистон, номи зиёда аз 440 нафар фавтидагони ин бемориро рӯйхат намуда буданд, аммо дертар мақомот бо баҳонаи пешгирӣ аз оморҳои дурӯғ дар мавриди омори каронавирус, қонунеро қабул намуда, ин сомонаро масдуд кард.

Аз ин рӯ, бисёре аз расонаҳо дар дохили Тоҷикистон кӯшиш мекунанд аз нашри омори ғайрирасмӣ дар бораи фавтидагон ва беморони коронавирус худдорӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.