-1.1 C
Dushanbe

Мақомот як гурӯҳи калони барқдуздонро дастгир кардааст

Хадамоти фурӯши Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дуздидани зиёда аз 68 миллион сомонӣ маблағи барқ (150 миллион киловатт/соат) айбдор мешаванд. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба хотири таҳқиқи ин қазия дар сар то сари кишвар гурӯҳи махсус ташкил кардааст.

Ширкати “Барқи тоҷик” то ҳол дар ин маврид изҳороте нашр накардааст, ҳамчунин  намояндагони ин ширкат аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ кардаанд. Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ ин гурӯҳи корӣ рӯзи 30 октябр таъсис ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки таърихи 17 октбяри соли равон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо имзои муовини вазир Абдураҳмон Аламшозода ба раиси ширкати “Барқи тоҷик”  Мирзо Исмоилзода натиҷаҳои санҷиши шабакаҳои барқи Душанберо ирсол намуда, дар он аз талафоти беш аз 150 миллион киловатт соат нерӯи барқ ба маблағи 68 миллион сомонӣ (6,7 миллион доллар) хабар додааст.

Юсуф Раҳмон Прокуратураи Генералии Ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармоне дастур додааст, ки гурӯҳи тафтишотӣ корбурди сарфаҷӯёнаи барқ, таъмири васоили интиқоли он, дуздӣ ва талафоти нерӯ ва ҳамчунин роҳандозӣ нашудани тарзи нави пардохти пули барқро дар саросари ҷумҳурӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷаи кори худ қарор диҳанд.

Тафишот ва ошкоршавии сарфи зиёди нерӯи барқ, дар ҳолест, ки ширкати “Барқи тоҷик” беш аз 2,5 миллиард доллар қарздор аст, солҳост наметавонад қарзҳои худро пардохт намояд.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ дар шабакаҳои барқи Душанбе муфаттишон аз амали “як гурӯҳи ҷиноӣ хабар додаанд, ки аз роҳи дуздии барқ пулҳои калон ба даст меовардаанд”.

Мақомот гуфтаанд, ин “гурӯҳи ҷиноятӣ” иборат аз Ҳусейн Худойқулов, сардори Хадамоти фурӯши шабакаҳои барқи Душанбе, Манучеҳр Хурсандзод, сардори шабакаҳои барқи Душанбе ва Нурулло ном шахс, барномасози шӯъбаи муҳосибаи ин идора бо роҳи “тассаруф ва бо тарифҳои паст фурӯхтани барқ” маблағҳои ҳангуфте ба даст овардаанд.

Ҳусейн Худойқулов, сардори Хадамоти фурӯши шабакаҳои барқи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ин иттиҳомот асос надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.