Бадахшону Исфара дар як рӯз нақшаи даъвати сарбозонро иҷро карданд

Ба гузориши мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ин вилоят нақшаи даъвати сарбозон дар як рӯз пас аз эълони он иҷро шудаст.

Ҳамзамон мақомоти шаҳри Исфара низ хабар додаанд, ки дар як рӯз нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш комилан иҷро шудааст.

Гуфта мешавад, дар водии Рашт низ нақшаи даъвати наваскарон ба артиш аз 100% ҳам бештар иҷро шудааст. Тавре “Ховар” хабар медиҳад, даъвати тирамоҳии сарбозон ба артиш дар рӯзи аввал, яъне 1-уми октябр “дар ноҳияҳои Сангвор 100%,  Лахш 100%, Тоҷикобод 101%,  Нуробод 101% ва Рашт  зиёда аз 100  фоиз”-ро ташкил кардааст.

Дар даъвати баҳории сарбозон ба артиш низ чунин хабарҳо нашр шуд, ки баъзе навоҳии кишвар, аз ҷумла ВМКБ дар як рӯз нақшаи даъватро иҷро карданд. Аммо баъдтар дар шабкаҳо наворҳое нашр шуд, ки нишон медод, бо вуҷуди иҷро шудани нақшаи даъват дар ноҳияҳои кишвар боз ҳам “Облава” идома дорад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми даъвати наваскарон ба артиш анъанаи сарбозшикор ё худ “Облава” оғоз мешавад. Солҳои ахир чунин ба назар мерасад, ки барои ин гурӯҳ салоҳиятҳои хеле васеъ дода шудааст, ки ҳатто хонаҳои мардум шаб ё рӯз бидуни пурсиш ворид мешаванд ва ё ҳатто аз донишгоҳҳо донишҷӯёнро боздошт карда, зӯран ба артиш мебаранд. Бо вуҷуди ин ҳама қонуншиканиҳои маъмурони низомӣ, Ҳукумат вуҷуди чунин хилофкориҳоро инкор мекунад ва омода нест пеши онро бигирад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони пешакии расиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даъвати сарбозон ба артииш аз 1-уми октябри соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар оғоз ёфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Литва қабули дархости нави муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро боздошт

Давлати Литва қабули дархостҳои нави муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт.

Русия қоидаҳои ҷалби муҳоҷирони кориро сахттар мекунад

Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кардааст, ки аз соли 2027 дар баъзе соҳаҳо шумори коргарони хориҷӣ дар 10 минтақаи кишвар коҳиш дода шавад.

Музокироти Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишасти СММ: Оё сулҳе дар роҳа аст?

Амрико ва Эрон рӯзи 22-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокирот анҷом доданд.

Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.