Даргузашти Раиси давлати Амороти Муттаҳидаи Араб

Хабаргузории расмии

Акс аз сомонаи шабакаи “Арабия”

Ба гузориши ББС, имрӯз, 13-уми майи соли 2022 Халифа бин Зоид Оли Наҳаён, раиси Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳокими Абузабӣ дар синнӣ 73-солагӣ даргузашт.

Халифа бин Зоид Оли Наҳаён аз замони таъсиси давлати Амороти Муттаҳидаи Араб дар соли 1971 дувумин президенти ин кишвари арабӣ буд.

Шайх Халифа, писари бузурги Шайх Зоид буд, ки соли 2004 дар пайи марги падараш ба қудрат расид.

Ба дунболи даргузашти Шайх Халифа дар Имороти Муттаҳидаи Араб 40 рӯз мотами оммавӣ ва се рӯзи таътил эълон карда шуд.

Дар замони раҳбарии Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳаён Амороти Муттаҳидаи Араб пешрафтҳои қобили мулоҳизае дошт, вале бо ин вуҷуд ба яке аз кишварҳои “ғайри дӯст” низ нисбат ба хеле аз кишварҳои исломӣ табдил ёфта буд, зеро ин кишвар дар саркӯби эътирозгарону озодихоҳони кишварҳои Мисру Сурия, Судону Яман, Либияву Тунис муттаҳам мешуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.