13.9 C
Dushanbe

Даргирии шадиди сокинон бо Толибон бар сари истихроҷи тилло дар Афғонистон

Дар пайи эътирози сокинони ноҳияи Чоҳоби вилояти Тахор ба истихроҷи тилло аз сӯи ширкатҳои вобаста ба Толибон, даргирии шадид сар задааст.

Гуфта мешавад, бар асари ин задухӯрд, чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Ба иттилои чанд манбаи маҳаллӣ ва расонаҳои мустақил, дар ин муноқишаҳо то кунун дастикам се сокини маҳаллӣ ва як узви Толибон ҷони худро аз даст додаанд.

Манобеъ хабар медиҳанд, ки шумораи захмиён ба ҳадди ақал 16 нафар расидааст ва бо шиддат гирифтани вазъ эҳтимоли афзоиши талафот вуҷуд дорад. Даргирӣ аз рӯзи ҷумъа 2-уми январ оғоз шуда, то ҳол идома дорад.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, сабаби аслии эътирозҳо истихроҷи «беҳисобу китоб» ва бе назорати тилло мебошад, ки ба муҳити зист, заминҳои кишоварзӣ ва манбаъҳои оби минтақа осеби ҷиддӣ расондааст. Онҳо мегӯянд, дар натиҷаи корҳои кандукории ширкатҳо оби нӯшокӣ кам ё қатъ шуда, зиндагии рӯзмарраи мардум ба хатар рӯ ба рӯ шудааст.

Дар наворҳое, ки аз маҳалли ҳодиса нашр шудаанд, боло рафтани сутунҳои ғафси дуд дида мешавад. Бар асоси маълумоти манобеъ, бархе аз эътирозгарон таҷҳизоти ширкатҳои истихроҷи тиллоро оташ задаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки пас аз густариши даргириҳо масъулони ширкатҳои вобаста ба Толибон маҳалли фаъолиятро тарк кардаанд.

Манобеи маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки сокинони Чоҳоб ба фаъолияти се ширкат эътироз доранд. Ба гуфтаи онҳо, ин ширкатҳо ба афроди наздик ба Бишр Нурзай қочоқбари маъруфи маводи мухаддир ва яке аз пуштибонони молии Толибон рабт доранд.

Мақомоти Толибон дар бораи ин ҳодиса мавқеи расмӣ иброз накардаанд. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи истихроҷи манбаъҳои табиӣ бидуни шаффофият метавонад боиси ташдиди норозигиҳои иҷтимоӣ ва нооромии бештар дар минтақа гардад.

Бояд зикр кард, ки 24-уми августи соли 2025 расонаҳои Тоҷикистон гузориш дода буданд, ки ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон ба заршӯӣ ва ҷамъоварии тилло дар соҳили дарёи Панҷ машғуланд. Ҳамчунин дар ҳамон замон миёни марзбонони Тоҷикистон ва нерӯҳои Толибон дар нуқтаи марзии Дованги вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон ҳаммарз аст, задухӯрд рух дода буд. Дар натиҷаи он, як нерӯи марзбонии Толибон кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, чунин фаъолият метавонад боиси тағйири маҷрои дарё шуда, дар оянда хатари омадани селҳои бузургро афзоиш диҳад ва барои аҳолии минтақа паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷиронро дар Русия маҳдудиятҳои нав ва пардохтҳои иловагӣ интизор аст

Думаи давлатии Русия қонуни наверо баррасӣ мекунад, ки шароити...

Боздоштҳои густарда дар Қубодиён

Мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 20 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро бо гумони пайравӣ аз "Салафия" боздошт кардаанд.

Боздошти судя бо иттиҳоми гирифтани пора

Додрас (судя)-и Додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шуд.

Фарзандони муҳоҷирон пас аз 18-солагӣ бояд ё кор кунанд ё Русияро тарк кунанд

Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ барои баррасӣ пешниҳод кардааст, ки тартиби будубоши фарзандони муҳоҷиронро дар ин кишвар тағйир медиҳад.