Хабар
УМУМӢ
Дастаи “Ал-Ҳилол”-и Саудӣ Мессиро $300 млн хариданист
Дастаи футболи “Ал-Ҳилол”-и Арибстони Саудӣ қасд дорад бо футболбози машҳури ҷаҳонӣ Лионел Мессии аргентинӣ солона то 300 миллион доллар шартнома бандад. Акс: Интернет Гуфта мешавад, раҳбарони дастаи “Ал-Ҳилол” талош доранд бо Месси вориди гуфтугӯ шуда, ӯро мутақоид созанд, ки пас аз ба итмом расидани шартномааш бо дастаи “Пари Сен-Жермен”, ки моҳи июни соли ҷорӣ ба […]
Дастаи футболи “Ал-Ҳилол”-и Арибстони Саудӣ қасд дорад бо футболбози машҳури ҷаҳонӣ Лионел Мессии аргентинӣ солона то 300 миллион доллар шартнома бандад.
Акс: Интернет
Гуфта мешавад, раҳбарони дастаи “Ал-Ҳилол” талош доранд бо Месси вориди гуфтугӯ шуда, ӯро мутақоид созанд, ки пас аз ба итмом расидани шартномааш бо дастаи “Пари Сен-Жермен”, ки моҳи июни соли ҷорӣ ба охир мерасад, ба дастаи “Ал-Ҳилол” бигузарад.
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, мудирияти дастаи “Ал-Ҳилол” иброз дошта, ки дар ҳоли мувофиқати Мессиро ба даст овардан, дар ҳол маблағи мазкурро ба ӯ хоҳад дод.
Аммо то ҳол ба шакли расмӣ ҳам худи Месси ва ҳам раҳбарияти дастаи феълияш (ПСЖ) дар ин маврид ба расонаҳо ибрози назаре накардаанд.
Акс: Интернет
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо футболбози машҳури ҷаҳонӣ Криштиану Роналдо бо пардохти 200 миллон доллар солона шартнома баст.
Дар ҳамин ҳол расонаи арабӣ хабар медиҳанд, рӯзи 19-уми январи соли ҷорӣ дастаи (ПСЖ) бо як тими муташаккил аз дастаҳои “Ал-Ҳилол” ва “Ан-Наср” дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ бозӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, дар ин бозӣ ба эҳтимоли зиёд Месси бо Роналдо муқобили ҳам бозӣ хоҳанд кард.