Хабар УМУМӢ

Боздошти як корманди махфии Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон

Як корманди қисми махфии Комиссарияти ҳарбӣ дар вилояти Хатлон бо иттимоҳи қаллобӣ аз ҷониби маъмурони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуд. Акс: Интернет Агентии зидди фасоди Тоҷикистон аз ин нафар Дустов Раҷабали Ҷумахонович ёд карда, хабар медиҳад, ки номбурда сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон буд. […]

Як корманди қисми махфии Комиссарияти ҳарбӣ дар вилояти Хатлон бо иттимоҳи қаллобӣ аз ҷониби маъмурони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуд.

Акс: Интернет

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон аз ин нафар Дустов Раҷабали Ҷумахонович ёд карда, хабар медиҳад, ки номбурда сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон буд. Ӯ ҳангоми фаъолияти кориаш “бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш маблағи 22000 сомонӣ талаб намудааст”.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Дустов Р.Ҷ. дар ҳоли талаб кардан ва гирифтани маблағи 22000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир шуда, аз ӯ маблағи 22 ҳазор сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Манбаъ афзуда, ки пас аз дастгир шудани Дустов Раҷабали Ҷумахонович нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ мувофиқи моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

Коршиносон дар баробари дигар вазорату идораҳои фасодзада қисми низомии Тоҷикистонро низ аз фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ медонанд. Зеро ҳамасола аксари кормандони комиссариатҳо барои аз адои хидмати низомӣ раҳо кардани ҷавонон бо маблағҳои ҳангуфт дастгир мешаванд.

Мавзӯъҳои марбут

Cookies preferences

✕

Others

Other uncategorized cookies are those that are being analyzed and have not been classified into a category as yet.

Necessary

Necessary
Necessary cookies are absolutely essential for the website to function properly. These cookies ensure basic functionalities and security features of the website, anonymously.

Advertisement

Advertisement cookies are used to provide visitors with relevant ads and marketing campaigns. These cookies track visitors across websites and collect information to provide customized ads.

Analytics

Analytical cookies are used to understand how visitors interact with the website. These cookies help provide information on metrics the number of visitors, bounce rate, traffic source, etc.

Functional

Functional cookies help to perform certain functionalities like sharing the content of the website on social media platforms, collect feedbacks, and other third-party features.

Performance

Performance cookies are used to understand and analyze the key performance indexes of the website which helps in delivering a better user experience for the visitors.