Бо як имзо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бар шумори ҳайати кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон 80 воҳиди нав илова кард. Ва, воҳиди корӣ (штат) дар маъмурияти раёсати ҷумҳурӣ аз 270 ба 351 расонида шуд. Ба навиштаи “Спутник” дар як соли ахир ин дуввумин бор аст, ки Раҳмон теъдоди воҳиди корӣ дар Дастгоҳи иҷроияашро зиёд мекунад.
Шуруъ аз январи соли 2016 роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бар ӯҳдаи Озодаи Раҳмон духтари дуввуми худи Эмомалӣ Раҳмон вогузор шудааст. Шавҳари Озодаи Раҳмон Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар пайи қарори афзоиши ҷойи корӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президент ба вазорати молия дастур дода шудааст, ки барои маошу маҳалли кору афзору анҷоми кории штатҳои нав пул пайдо кунад. Мусаллам аст ки вазорати молия боз ҳам аз ҳисоби бе ин ҳам ба тороҷрафтаи байтулмоли кишвар-бюҷети давлатӣ маблағ пайдо карда ва барои ин 80 нафар маошу мизу курсиву «констовар»-то компютеру ноутбуку планшету ғайраву ҳоказоҳо, мошину ронандаву маводди сӯхт фароҳам хоҳад кард.
Гуфта намешавад, ки ин воҳидҳои корӣ барои кадом соҳаҳо пешбинӣ шудаанд ва чи корҳоеро барои давлат анҷом медиҳанд. Аммо аз онки дар раҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон қарор дорад, Вазорати молия билодиранг ҳама «корҳои ташкилӣ»-ро дар зудтарин фурсат анҷом хоҳад дод. Бахусус, ки дар ин авохир барои ҳифзу ҳимояти шахси роҳбари Дастгоҳ ва обрӯи беш аз пеш дар ҳоли коҳишёбии вай ҳатто ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ низ ҷалб шудаанд.
Аз ин рӯ бархе аз огоҳони умур ҳадс мезананд, ки иллати афзоиши шумори кормандони Дастгоҳи иҷроия нашру пахши риштаматолиби ифшокунанда ва ошкорсозандаи ҳаёти пушти пардаи Озодаи Раҳмон дар расонаҳои озод ва мустақили тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар аст.
Аз қиссаи муносибати Озода бо Шаҳбоз Раҷабзода сар карда то равобиташ бо афғони ронандаи пешини Аҳмадшоҳи Масъуд ва сафарҳои розомези табобатии ӯ ба Олмон ва ҳамчунин масдуд шудани суратҳисобҳои офшориаш дар хориҷа,ки ингор як мақоми баланди Бонки миллии Фаронса ифшо кард, водор кардааст, ки шумораи ҳайати кормандони Дастгоҳи иҷроия,ки амалан «дубл» ва ё «неруи кумакӣ» ба «фермаи ҷавоб» хоҳанд буд, афзуда шавад.
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон феълан аз котибот, ёрдамчиҳо, хадамоти матбуот ва худи роҳбар иборат аст. Ҳар кадоме аз ин идораҳо сардору ҷонишинҳо, бархеашон раёсат, шуъба ва бахшҳои бешумор дорад. Барои мисол дар соли гузашта дар ҳайати Дастгоҳ Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот ташкил ва тазаккур дода шуд, ки «ҳадафи ташкили Раёсат таҳкими таҳлили кор дар бахши маориф, фарҳанг ва иттилоот мебошад, ва Раёсат ба ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар умури таълиму тарбияи ҷавонон ва рушди варзиш машғул хоҳад шуд».
Мусалламан, вақте як Раёсате ба ин азамат:-«маориф,фарҳанг,иттилоот» ташкил мешавад, чандин шуъба ва бахш ҳам дорад, ки дар ҳар кадоме аз онҳо «кор» мекунанд. Вале агар ҳадаф «таҳкими таҳлили кор… ва ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар умури таълиму тарбия» буда бошад, пас вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, раёсатҳои ҳамном дар вилоят ва шӯъбаҳои масъул дар навоҳӣ ба чи коре машғуланд?
Афзун бар ин аз чанд сол ба ин сӯ бо баҳонаи ислоҳоти сохторӣ ниҳодҳое бо номи Хадамоти назорати давлатӣ, масалан дар соҳаи маориф, дар соҳаи фарҳанг, дар соҳаи тандурустӣ ва дар тамоми соҳаҳо ташкил ва фаъол карда шудаанд, ки онҳо низ ҳадафи худро айни ҳамин чизи зикршуда эълон кардаанд. Ҳамаи ин вазоратҳо хадамотҳо, ки дар таркиби ҳукумат ҳастанд ва низ Раёсатҳои дар ҳайати Дастгоҳи иҷроияи Президент,магар як корро айни ҳамон корро намекунанд? Чи зарурат бар ташкили ин ҳама урдуи буҷҷахӯр, чиновникҳои сарборӣ?
Ҳамаи инҳо, барои мисол меоянд ба маҳалҳо ва ба ҷуз аз ситонидани ришваву пора коре дигар надоранд. Хадамоти давлатии назорати арсаи тандурустӣ меояд бемористон ва сардухтур аз тамоми бахшҳо пул ҷамъ карда ӯро «розӣ» мекунад. Тамом вассалом. Ҳамин тавр тамоми хадамотҳое, ки дар арсаҳо таъйин кардаанд.
Масалан, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон раёсати махсус дар бораи фарҳанг чи кореро анҷом медиҳад, дар ҳоле, ки вазорати фарҳанг ҳам ҳаст ва Хадамоти назорати давлатии фарҳанг ҳам ва вазорати фарҳанг даҳҳо раёсат дорад.
Оҷонси мубориза бо коррупсия ва назорати амволи давлатӣ ва Палатаи ҳисоб як корро доранд анҷом медиҳанд, ҷудо аз Додситонии кул, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазорати дохилӣ, ки инҳо ҳам ҳатман ин ҳуқуқ ва салоҳияту ваколатҳоро, ки ин ду ниҳод доро мебошанд, доранд. Ҳоло Раёсати мушобеҳ, ки бо ҳамин кор машғул аст, ба чи дарде мехурад?
Чаро дидаву дониста маблағи бюҷети кишвар ба як чунин корҳои бесуду бесамар ва бидуни кадом манфиат сарф карда мешавад? Бюҷети мамлакат, ки зарра-зарра аз ҳисоби мардум пур карда мешавад, чаро бо ин гуна бемасъулиятӣ ва беинсофӣ харҷ хоҳад шуд? Ин ҳама ниҳодҳои такрорӣ ва комилан нозарур чаро ташкил карда мешаванд?
Дуздӣ танҳо аз хона ва ё мағоза ва ё аз ҷайби касе задан нест. Масраф ва харҷи барзиёд, ҳамон исрофе, ки мардум мегӯянд, яъне огоҳона барбод додани пули мардум низ навъи дигари дуздӣ аст.
Вақте ҳукумат қасд дорад, ки баҳои неруи барқ ба мардумро аз тирамоҳ боз 10-15 дирам зиёд кунад, ин тарафи масъаларо, ки чаро солбасол артиши чиновникҳоро зиёд мекунад,намеандешад? Бо инки ҳарсол бар шумори даҳҳо ҳазории чиновникҳо афзуда мешавд чӣ масъала ва мушкили мардум ҳал мешавад ё ки шуд?
Воқеият ин аст ки Эмомалӣ Раҳмон ё аз вазъи мавҷудаи кишвар комилан иттилоъ надорад ва ё амдан, дидаву дониста болои мардум мушкил меофарад. Вай аз бюҷети давлат тавре масраф мекунад, ки ингор аз суратҳисоби шахсиаш, корти бонкиаш ва ё ҳамон дипломати дар дасти яке аз муҳофизонаш бошад. Хоҳад китоби «Тоҷикон» чоп мекунад. Ва, домодаш Шамсулло Соҳибов аз ин ҳисоб 80 миллион сомонӣ даромади соф ба даст меоварад. (Дар асл ин як роҳи дуздӣ аз бюҷети мамлакат аст)
Чандин сол аст ки бо аҳмақ ва аблаҳ кардани мардум аз ҳисоби бюҷети мамлакат Фонди Президент ташкил кардааст. Солона 2% бюҷети давлатӣ ба ҳисоби ин Фонд гузаронида мешавад. Тамоми масрафи он дар ихтиёри худи Раҳмон аст ва назди ҳеҷ ниҳоде ҳисоб пас намедиҳад. Ҳамин гуна Фондро барои Асосгузори сулҳу ваҳдат ҳам ташкил кардаанд. Маълум нест, ки аз ҳамин ҳоло ба он низ маблағ ҷудо шуда бошад ва ё инки баъди ба фаъолияти расмӣ пардохтани институти «Асосгузор» ниҳоде, ки дар ягон давлати дунё вуҷуд надорад.
Вале аз соли 1994 ба ин тараф, ки Раҳмон раиси ҷумҳурӣ аст ҳаҷми маоши вайро ҳамчун сирри давлатӣ пинҳон кардаанд.
Чаро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ин ҳама нафар кор бикунад? Ҳукумату вазоратҳову кумитаҳояш чӣ кор мекунанд? Ин ҳама Хадамот чӣ? Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ чӣ? Ҳоло дар ин 351 нафари Дастгоҳи иҷроияи кормандони фаннӣ шомил намешудаанд. Магар «обмурӣ аз боғ калон нест»?
Аз як сӯ пули халқу миллат барои ҷашнҳову пешвозгириҳои пурзарқу барқ, ки миллионҳо ҳазина дорад, аз сӯи дигар таъсиси воҳидҳову ҷойҳои корӣ барои курсинишинҳо ва аз сӯе барои чопи бемавриди китобҳо, ки фақат ба хотири даромади домод сурат гирифтааст, касро бар ин хулоса меоварад, ки давлати Тоҷикистон ба як дуздхона мубаддал шудааст. Дуздхонае мисли «Фароз», мисли «Исмоили сомонӣ-асри 21», мисли даҳҳову садҳо ширкату корхонае, ки Раҳмон ва бастагони вай доранд. Аз ин рӯ мешавад гуфт, ки давлати Тоҷикистон дигар ба ҶДММ «Раҳмониён» табдил шудааст.
Масалан барои шумо мояи тааҷҷуб ва ҳайрат нест, ки «Искандаркӯл» ҳоло чунин ном дорад: «Муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ва ё як ниҳоде дигар аст ки «Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон»ном дорад. Ва, ҳамин «Дирексияи сохтмон дар танҳо ноҳияи Ванҷ «аз ҳисоби 680 миллион сомонии буҷети давлатӣ қариб 100 иншооту биноҳои нав ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ бунёд кардааст. Дар ин давра аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 150 иншоот ба маблағи 70 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст. Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳия ба маблағи умумии 54 миллион сомонӣ 14 иншоот, аз ҷумла 7 муассисаи таълимӣ бунёду таъмир карда шудааст».
Ҳоло савол инҷост, ки чаро «Искандаркӯл» ва даҳҳо чунин мавозеи сайёҳӣ дар ихтиёри Дастгоҳи иҷроияи Президент асту масалан дар тавозуни ҳукумати ноҳияи Айнӣ нест? Ва ё ҳамин тавр чаро ин ҳама иншоот дар ноҳияи Ванҷ (на танҳо ноҳияи Ванҷ, дар тамоми ноҳияҳо, масалн ба ҳангоми 3000 солагии ноҳияи Ҳисор ва ё 5500 солагии Саразм), ки аз бюҷети давлатӣ сохта шудаастро Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон анҷом диҳад?
Як мисоли дигар меоварем, то рушантар шавад, ки чи гуна аз пули бюҷети давлатӣ Раҳмон барои худ ва наздиконаш «зиндагӣ» месозад.
Вақте Шерали Хайруллоев,вазири мудофиаи Тоҷикистонро ба нафақа фиристод, барои онки ӯ бекор набошад як штати дигар: «мушовири давлатӣ (ҳоло ёрдамчӣ) оид ба амният ва дифоъро дар Дастгоҳи иҷроия ташкил дода ӯро то чанд соле маош дод. Ҳамин, ки ӯ калонсол ва пир шуд ӯро аз кор барканор ва ин штатро ҳам дигар ликвидатсия кард.
Ҳадаф танҳо яке аст. Дуздӣ ва талаву тороҷи бюҷети давлатӣ аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президент, ки роҳбарии онро Озода Раҳмон, духтари худи Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад. Ва, ҳоло афзоиши шумораи кормандони ин Дастгоҳ ҳам на ба хотири рушду ривоҷи Тоҷикистон, балки вогузории маблағҳои бештар барои истифода ва ҳимояти Озода аст.
Сорбон Азимӣ, таҳлилгар
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.