Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ аз ҳукумати Тоҷикистон расман талаб намуда, ки сабаби боздошт накардани Путинро дар сафараш моҳи октябр ба Душанбе, шарҳ диҳад.
Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки 5-уми январи соли ҷорӣ ба қарори расмии ДБҶ даст ёфтааст, вале он дар моҳи ноябр ба ҳукумати Тоҷикистон фиристода шуда буд. ДБҶ дар қарори худ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки “то рӯзи 3-уми декабр, “тавзеҳоти иловагии худро” дар бораи дастгир накардани Владимир Путин пешниҳод кунад.”
Дар қарори ДБҶ ҳамчунин зикр мешавад, ки намояндагои додгоҳ аз соли 2023 гуфтушунидҳои мукаррар бо мақомоти Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин доштаанд ва талош кардаанд, Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ моли кунанд. Тибқи иттилои манбаъ, мақомоти Тоҷикистон бо вуҷуди тасдиқи дарёфти дархостҳои ДБҶ, боз ҳам ҳамкорӣ накардааст.
Ба иттилои манбаъ, ДБҶ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ, қабл аз сафари Путин ба Душанбе бо ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунидҳои хоссаро оғоз намуда, таъкид намуда, ки барои иҷрои фармони боздошти Путин “кумаки лозимӣ”-ро мерасонад.
Аммо ҳукумати Тоҷикистон 25-уми сентябри соли гузашта ба дархостҳои ДБҶ посух дода, таъкид кардааст, ки дархости боздошти Путинро иҷро карда наметавонад. “Тоҷикистон ба созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ бо Русия дар бахши адлия истинод карда, гуфтааст, ки мақомоти баландпояи ду тараф аз масуният бархурдоранд ва ҳукумати Тоҷикистон бе ризояти худи Русия ҳеч яке аз ин мақомҳои баландпояро дастгир карда наметавонад.”, омадааст дар хабари Радиои Озодӣ.
Ҷониби Тоҷикистон далел пеш оварда, ки Русия узви ДБҶ нест ва “масунияти Путин ҳамчун раҳбари давлат ҳифз мешавад.” Ва аз ин сабаб боздошт накардани Путин дар Тоҷикистон маънои ҳамкорӣ накардан бо фармони ДБҶ-ро надорад.
Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ 17-уми марти соли 2023 ҳукми боздошти Владимир Путинро содир кард. Додгоҳ зимни эълони ҳукмаш Путинро тибқи моддаҳои 8(2)(а)(vii) ва 8(2)(b)(viii) Статути Рим) ба ҷинояти ҷангӣ, бадарғаи ғайриқонунии кӯдакони украинӣ ва интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз манотиқи ишғолии Украин ба Русия муттаҳам карда буд.
Замони сафари Путин ба Душанбе аз 8-ум то 12-уми октябри соли гузашта чанд созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони дидбони ҳуқуқи башар (HRW) аз Тоҷикистон талаб карданд, ки Путинро боздошт кунад. Лиз Эвенсон, мудири Барномаи адолати байналмилалии HRW таъкид карда буд, ки “Агар Тоҷикистон Путинро бипазирад, ин баёнгари он аст, ки ин кишвар ранҷи қурбониёни ҷиноятҳои нерӯҳои Русия дар Украина ва уҳдадориҳои худро ҳамчун узви ДБҶ нодида мегирад.”
Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз соли 2002 узви ДБҶ аст. Бар асоси созишномаи асосии ДБҶ, Тоҷикистон вазифадор аст бо додгоҳ ҳамкорӣ кунад, аз ҷумла тавассути боздошт ва супоридани ҳар гуна муттаҳамоне, ки ба қаламраваш ворид мешаванд. Вале Тоҷикистон бо вуҷуди дахостҳои мукаррари ДБҶ боз ҳам ба уҳдадориҳояш амал накард.
