-1.1 C
Dushanbe

Дидбони Ҳуқуқи Башар вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро “ваҳшатнок” хонд

Рӯзи 16-уми ноябр Дидбони Ҳуқуқи Башар – як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, бо нашри баёнияе аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват намояд, ки кӯмакҳои бештар ба минтақа дар ивази ислоҳоти воқеии ҳуқуқи инсон вобаста хоҳанд буд.

Дар назар аст, рӯзи 17-уми ноябр мулоқоти 16-уми Иттиҳоди Аврупо ва вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат бигирад.

Ҳю Вилямсон, мудири дафтари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар ин баёния гуфтааст, вокуниши кишварҳои минтақа ба талотумҳои сиёсӣ дар Қирғизистон, ва ё мушкилоти офаридаи пандемияи коронавирус “бештар самар медод, агар онҳо ба аҳди худ барои мурооти ҳуқуқи инсон вафо мекарданд.”

Дар баёния омадааст, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи монеъ шудан ба густариши коронавирус дастрасӣ ба иттилоот ва озодии баёнро маҳдуд кардаанд. Аз тарафи дигар мушкилоти иқтисодӣ ва нобаробарӣ дар натиҷаи пандемия дар минтақа зиёдтар шудааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар бораи Тоҷикистон гуфтааст, бештар аз 150 мухолифони давлат, мунтақидон ва вакилони дифои онҳо, ки бо иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ ҷазо гирифтаанд, дар зиндон мемонанд.

“Айни замон вазъи зиндонҳо “ваҳшатнок” аст ва фаъолон аз “шиканҷаву бадрафтории густурда” дар ин муассисаҳо гузориш медиҳанд”, – омадааст дар гузориш.

Ба гуфтаи созмон, ба мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ ҳамла сурат мегирад. Онҳоро бо дархости ҳукумат истирдод мекунанд ва хешовандони ин афродро дар дохил озор медиҳанду дастгир мекунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар мавриди Узбекситон гуфтааст, қадамҳое барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон бардоштаанд, вале онҳое, ки аз боздошт раҳо шудаанд, мушкилоти ҳуқуқӣ доранд. Кодекси ҷиноӣ муқаррароти мушкилофаре дорад ва ваъда барои мутобиқ кардани қонуни созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба меъёрҳои баёналмилалӣ иҷро нашудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи созмон гуфтаанд:

“Иттиҳоди Аврупо бояд пеш аз додани имтиёзҳои нави тиҷоратӣ, замонат бигирад, ки Узбекистон аҳдномаҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро дар ҳақиқат риоят мекунад.”

Аз дидгоҳи нозирони ҳукуқи башар Туркманистон кишвари “бадтарин саркӯбгар” дар минтақа номида шудааст, барои маълум кардани теъдоди дақиқи онҳое, ки дар инҷо бо иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, имконнопазир аст.

Дар идома зикр гардидааст:  

“Сарнавишти баъзе аз онҳое, ки нопадид шудаанд, 18 сол боз маълум нест.”

Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо бояд бо истифода аз абзорҳои фишораш нишон бидиҳад, ки агар ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ваъдаҳои ислоҳотро дар амал иҷро накунанд, оқибатҳои беамалиашонро хоҳанд дид.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо соли 2019 стратегия нав барои Осиёи Марказиро қабул кард, ки дар он волоияти қонун, посухгӯии мақомот дар назди мардум авлавият дода шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.