Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе

Сурат: mfa.tj

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизияш Руслан Казакбоев рӯзи 19 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқот анҷом додааст.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳри хориҷӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, масъалаҳои ҳамлу нақл ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзиро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот масъалаи таъйин ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ, истифодаи пурраи имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар мулоқот масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бештари тиҷорат, фаъолияти муштараки сармоягузорӣ ва истифодаи пурраи иқтидори транзитӣ бояд чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Руслан Казакбоев 19-уми ноябри соли равон ба Душанбе ворид гардид, қабалан Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода буд, ки Казакбоев бо Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар намояндагони ҳукумати Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.