Дилшод Шарипов раҳбари нави “Гурӯҳи 24”

Дилшод Шарипов бо ба даст овардани аксари овозҳо раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” интихоб шуд.

Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор, ки яке аз номзадҳо ба раҳбарии ин созмони сиёсӣ буд, дар суҳбат бо Azda TV гуфт, 1-уми декабри соли ҷорӣ барои интихоби раиси нави “Гурӯҳи 24” бо иштироки ҳамаи аъзои ин ҳаракати сиёсӣ интихобот баргузор гардид.

Дар ин интихобот Дилшод Шарипов, собиқ раиси Дастгоҳи иҷроия ва муовини иҷрокунандаи раис бо ба даст овардани 76,6 дарсади овозҳо раҳбари нави ин ҳаракат интихоб шудааст.

Ду узви фаъоли ин ҳаракат Муҳаммадҷон Абдуллоев, масъули бахши фарҳанг ва Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи “Гурӯҳи 24” 11,7 дарсадии овозҳоро ба даст овардаанд.

Пеш аз баргузории интихобот “Гурӯҳи 24” дар иттилоияе гуфта буд, ки “Се номзади пешбаришуда барои роҳбарии ҳаракат – Дилшод Шарипов, Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор ва Муҳаммадҷон Абдуллоев – бо таҷриба ва дидгоҳи худ қадаме ба ояндаи ҳаракат мегузоранд. Ҳар кадоме аз онҳо омодаанд, ки мероси Умаралӣ Қувватов ва Сӯҳроб Зафарро давом диҳанд ва муборизаи осоиштаро барои озодии Тоҷикистон идома диҳанд. Ҳамаи номзадҳо барномаи ягона доранд: мубориза барои озодӣ ва адолати иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон.”

Бино ба иттилои Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор раҳбарии ҳаракатро то баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ, яъне то охири соли ҷорӣ Ҳусейн Ашуров бар уҳда дошта, раҳбари нав корашро аз аввали соли 2025 шуруъ хоҳад кард.

Раҳбари нав интихобшудаи “Гурӯҳи 24” Дилшод Шарипови 54-сола зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, соҳиби панҷ фарзанд аст. Ӯ аз соли 2018 узви фаъоли ин гурӯҳ мебошад ва дар гузашта ба ҳайси масъул дар бахшҳои иттилоот ва кадрҳо, инчунин раҳбари Дастгоҳи иҷроияи “Гурӯҳи 24” кор кардааст. Дар моҳи июни соли ҷорӣ Шарипов муовини иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳаракат таъйин гардида буд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби соҳибкори тоҷик ва мухолифи сиёсӣ марҳум Умаралӣ Қувватов таъсис ёфтааст. Худи Умаралӣ Қувватов дар соли 2015 ба қатл расид ва пас аз кушта шудани ӯ Суҳроби Зафар раҳбари ин ҳаракат интихоб гардида буд.

Суҳроби Зафар, раҳбари собиқи гурӯҳ 10-уми марти соли ҷорӣ ва Насим Шарипов, фаъоли ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия нопадид шуданд ва то иттилоияи Юсуф Раҳмон дар куҷо будани онҳо маълум набуд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов дар яке аз боздошгоҳҳои Душанбе қарор доранд, аммо ӯ аз иттиҳоми зидди онҳо, тафсилоти чӣ гуна аз Туркия ба Тоҷикистон оварданашон ва аз вазъи ин ду мухолифи режими худкомаи Раҳмонов чизе нагуфта буд.

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Душанбе дар мурофиаи бастае дар Боздоштгоҳи рақами 1 бо иттиҳомоти сохта Суҳроби Зафарро ба 30 сол ва Насимҷон Шарифовро ба 20 сол зиндон маҳкум карда буд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте ҳукмҳои тӯлонии Додгоҳи шаҳри Душанберо алайҳи Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов маҳкум карда, гуфта буд, ки ҳукм дар шароити фишор ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон ва пур аз туҳмат содир шудаааст ва он боз як намунаи саркӯби озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқҳои қонунии мардум дар кишвар аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷири корӣ дар рақобат бо роботу AI ва Чин

Агар суол гузошта шавад, ки бузургтарин хавфи иқтисодии Тоҷикистон кадом аст, посух на кам шудани тилло дар конҳост ва на қарзҳои афзояндаи хориҷӣ, балки тағйир ёфтани модели муҳоҷирати корӣ аст.

Ҷалби садҳо миллион доллар грант барои татбиқи чанд лоиҳа дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон барои амалисозии чандин лоиҳаи бузург аз Бонки ҷаҳонӣ садҳо миллион доллар грант мегирад. 

Боздошти се нафар бо гумони таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми июл аз боздошти се ҷавон бо гумони содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғ хабар доданд.

21 кушта ва 19 захмӣ: омори нигаронкунандаи садамаҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 21 нафар ҷон бохта, 19 нафари дигар захмӣ шудааст.