Далери Имомалиро ба ҳабси пешакӣ гирифтанд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳманусри шаҳри Душанбе, рӯзноманигор ва блогери машҳури тоҷик Далер Имомалиро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо “созмонҳи мамнуъ” барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Эмомалӣ Сайидзода рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки “Додгоҳ Далери Имомалиро бо моддаи 307 қисми 2 муттаҳам дониста, парвандаашро махфӣ эълон кардаанд”.

Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ шоми 15-уми июн ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват ва баъдан боздошт шуданд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ (ИВС)-и шаҳри Душанбе қарор доранд.

Рӯзи 15-ми июн мақомот нисбати Далери Имомалӣ бар асоси моддаҳои 259 қисми 1 “фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ” ва 346 қисми 2 банди А “дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Вале имрӯз бошад Додгоҳ ба парвандаи ӯ боз моддаи 307 қисми 2 ҳамкорӣ бо “созмонҳои мамнуъ”-ро илова кард.

Далери Имомалӣ блогери машҳур ва рӯзноманигори тоҷик, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон мебошад ва собиқаи кории журналистиро дар расонаҳои Радиои “Ватан”, Радиои “Имрӯз”, нашрияи “Имрӯз” ва масъули гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав” дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.